АРӮС ДАР РӮЗИ ТӮЙ АЗ ХОНА ГУРЕХТ...

АРӮС ДАР РӮЗИ ТӮЙ АЗ ХОНА ГУРЕХТ...

 Гул ном дорам! Се сол пеш бо як марди 44- солаи пулдор шинос шуда, ба ӯ дил бастам.

Ошиқам зан ва се фарзанд дошта бошад ҳам, бисёр марди дасткушод буд ва тез-тез ба ман тӯҳфаҳои қиматбаҳо тақдим менамуд. Ваъда дода буд, ки маро зани дуюм карда мегирад ва ба қавлаш вафо намуда, худаш ба хонаамон хостгорӣ омад. Падару модарам зан доштанашро фаҳмида, ӯро бо дашномҳои қабеҳ аз хона пеш карданд ва таъкид намуданд, ки ҳаргиз духтарашонро ба як пиракӣ ба занӣ намедиҳанд.
Ҳамин тавр тарбузи умед аз бағалаш афтида, Шодмон дигар маро суроғ накард, аммо дили шайдои ман ҳамоно барои ин марди зандор гум мезад.
Дар ин миён маро ба як ҷавони дигари ншинс фотиҳа карданд. Азбаски Шодмонро бо тамоми ҳастӣ дӯст медоштам, худам ба наздаш рафта, зриву тавалло намудам, ки маро напартояд. Ҳамин тавр мо маслиҳатро пазонда, як рӯз пеш аз тӯй ба Русия фирор намудем.

Инак, 15 рӯз мешавад, ки ман ҳамроҳи марди орзуҳоям дар Русия ҳастам. Дар ин ҷо як маъракачаи хуб оростем, никоҳи мусалмонӣ кардем, аммо як гӯшаи дилам сиёҳ аст. Метарсам, ки падару модарам маро оқ накарда бошанд. Бо воситаи сомонаи Оила ба волидонам гуфтаниям, ки агар тавонед, маро бубахшед. Ман ҳамаи шумоёро дӯст медорам, вале ҳаётамро бе Шодмон тасаввур карда наметавонам.
Гул аз Русия
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон