Оббозӣ ва рақси Фарзонаю Шабнам дар "Порис" - и Тоҷикистон - аксу видео

Оббозӣ ва рақси Фарзонаю Шабнам дар "Порис" - и Тоҷикистон - аксу видео

 Ҳунармандони саршиноси тоҷик Фарзонаи Хуршед ва Шабнами Сурайё дар Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ё шаҳраки "Порис" гашту гузор карданд

Сарояндагони саршиноси тоҷик Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар саҳифаашон дар Instagram аз сайру гашти -шомгоҳии худ дар шаҳри Кӯлоб нақл кардаанд.

Дар ҷое Фарзона ҳамроҳи духтарча ва писараш акс гирифта навиштааст: "Маънои зиндагӣ фарзанд аст".

Дар ҷое ҳам Фарзона миёни фаввораҳо давида бо рӯҳияи баланд аз гашту гузори худ нақл кардааст.

Шабнами Сурайё низ дар саҳифааш дар Instagram аксеро ҳамроҳи хоҳараш Фарзонаи Хуршед паҳн карда ӯро "Пораи қалб" - аш хондааст.

-
Дар навбати худ Шабнами Сурайё низ дар саҳифааш дар Instagram навори оббозии худро нишон додааст.

Ёдрас мешавем, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст.

Лоиҳаи боғро Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди “Вертикал” бар уҳда дошта, он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Алюминийи Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.



Read more: https://sputnik-tj.com/society/20191020/1030075040/Obbozi-va-raqs-Farzonayu-Shabnam-dar-Poris-Tojikiston-aks-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон