Ҳоҷӣ Мирзо ва губернатор нахустин масҷиди ҷомеи вилояти Яҳудиёни Русияро кушоданд-видео

Ҳоҷӣ Мирзо ва губернатор нахустин масҷиди ҷомеи вилояти Яҳудиёни Русияро кушоданд-видео

 Ҳоҷӣ Мирзо, руҳонии шинохтаи тоҷик, ҳамроҳ бо мақомдорони баландпояи Русия нахустин масҷиди ҷомеъ дар вилояти мухтори Яҳудиёнро бо ҳузури намояндагони динҳои масеҳӣ, будоӣ ва яҳудӣ ифтитоҳ кард

Мақомоти шаҳри Биробиҷон, маркази вилояти мухтори Яҳудиёни Русия замин барои масҷидро соли 2012-ум дар Иди Қурбон ба мусалмонон тақдим карда, муҳоҷирони тоҷикистонӣ онро тайи 7 сол бунёд карданд.

Дар маросими ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ Александр Левентал, губернатор, ё худ волии вилояти мухтори Яҳудиёни Русия, Ҷамол Ҳазрат Гаррифулин, ноиби аввали роҳбари Раёсати мусалмонҳои Шарқи Дур, руҳониёни яҳудӣ ва будоӣ иштирок намуданд. Гаррифулин таъкид намудааст, ки чунин марказҳо огоҳии муҳоҷиронро аз исломи анъанавӣ бештар карда, аз гаравиш ба ҳаракатҳои ифротӣ ҷилавгирӣ мекунанд.

Дар ҳошияи ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ барои меҳмонон аз минтақаҳои гуногун палав пухта шуд, хабар доданд расонаҳои вилояти мухтори Яҳудиёни Русия.

Иттилоъ дода шуд, ки дар масҷид дар як вақт метавонанд то 1 ҳазор нафар намоз гузоранд. Мусулмонон дар масҷиди нав намоз хонда, дар наздашон Ҳоҷӣ Мирзо ва руҳониёни дигар ваъз хонданд.

Губернатор Александр Левентал аз ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ истиқбол карда, изҳор дошт, ки ин имкон медиҳад, ки бо ҷамоати мусалмонони вилояти мухтори Яҳудиёни Русия ҳамкории беҳтар ба роҳ монанд. Теъдоди мусалмонон дар ин вилоят беш аз 3 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/culture/20191020/1030075003/Hoji-Mirzo-va-gubernator-yakumin-masjidi-jomei-viloyati-Yahudiyoni-Rusiyaro-kushodand-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон