ДУХТАРҲОИ РУС ПИСАРАМРО ҶОДУ КАРДАНД 18.10.2019

 Писарам Манучеҳр шаш сол боз ба Русия мераваду меояд. Кораш хуб, пули калон мегирад ва тамоми каму кости зиндагиамонро таъмин мекунад.

Хонаву дарамонро чаппа карда, хонаҳои нави замонавӣ сохт. Ду хоҳарашро бо пули меҳнати Манучеҳр ба хонаи бахташон гусел намудем, аммо синну соли худаш аз 27 гузашта бошад ҳам, зангириро шунавад, девона мешавад. Ҳар гоҳ ба хонаи ягон духтари таги чашм кардаам хостгорӣ рафтанӣ шавам, шӯру мағал бардошта мегӯяд, ки ҳоло вақти зангириаш нарасидааст. Ҷӯраҳояш мегӯянд, ки Манучеҳр дар Москав зану фарзанд дорад ва ҳеҷ гоҳ оимчаи оростаю перостаи русашро партофта, зани тоҷик намегирад. Писарам дар як сол танҳо як маротиба ба Ватан меояд ва ҳамагӣ бист рӯз дар наздам истода боз бо баҳонаи бисёр будани кораш меравад. Ростӣ, ҳар гоҳ пул фирист гӯям, албатта аз гуфтаам бештар маблағ равон мекунад.

Бачаи дасткушод ва бо хайру саховат аст писарам, вале чаро аз зангирӣ метарсад, намедонам. Ман модарам ва мехоҳам ба хонаам келин фароварда, қаду қомати домодии писарамро дида ормон шиканам. Ин гапҳоро ба Манучеҳр гуфта ба балои азим гирифтор мешавам. “Оча, ба шумо чӣ намерасад, ки ин қадар ба ман мечаспед?! Хизматгор даркор бошад, ягон занаки камбағалро ёбед, ман ҳар моҳ ҳаққи хизматашро мефиристам, вале маро ба ҳолам монед” мегӯяд. Метарсам, ки писари аз зангирӣ қимобам ягон беморӣ надошта бошад. Манучеҳрҷонам дар Русия зану бача дошта бошад, чаро инро ба ман ошкоро намегӯяд? Мабдо духтарҳои рус писарамро ҷоду накарда бошанд.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ хел писарамро ба зангирӣ розӣ кунонам?
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон