Ҳалокати муштзани машҳури амрикоӣ Патрик Дэй пас аз нокаут - видео

Ҳалокати муштзани машҳури амрикоӣ Патрик Дэй пас аз нокаут - видео

 Варзишкори машҳури амрикоӣ Патрик Дэй пас аз нокаут ҳалок шуд. Марг пас аз чор рӯзи муҳориба, варзишкорро домангир шуд

Муштзани амрикоӣ Патрик Дэй, пас аз нокаути беҳуш шуда, ахиран  вафот кард, хабар медиҳад Шӯрои муштзанони ҷаҳон (WBC).

Ҳодисаи нохуш, рӯзи 12 октябри соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дэй дар рақобат бо ҳамватанаш Чарлз Конвелл сахт захмӣ шуд. Муҳорибаи ин ду муштзан 10 раунд идома кард. Дар бахши даҳуми муҳориба Дэй ба нокаут фиристода шуд, ки ахиран беҳуш шуда ба бемористн интиқол ёфт.

Муттассифона пизишкон барои наҷоти ҷони варзишкор коре карда натавонистанд. Дэй пас аз чаҳор рӯз вафот кард.

Шӯрои муштзанони ҷаҳон (WBC) ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони Патрик изҳори ҳамдардӣ карда, қайд намудааст, ки варзишкор дар паи ҷароҳати вазнин дар қисми сар, ҷон бохтааст.

Патрик Дэй соли 2013 муштзани касбӣ шуд. Ӯ орзу дошт қаҳрамони ҷаҳон шавад.



Read more: https://sputnik-tj.com/world/20191017/1030056717/halokat-mushtzan-mashhur-amrikoi-pas-az-nokaut-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон