Муштзани наврас Абдураҳим Ёқубов қаҳрамони Осиё шуд 16:21, имрӯзМуаллиф: Манзума Фирӯз,

Муштзани наврас Абдураҳим Ёқубов қаҳрамони Осиё шуд 16:21, имрӯзМуаллиф: Манзума Фирӯз,

 Варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба бокс медали тилло ба даст овард. 

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, боксчиёни навраси тоҷик дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 10-17 октябр дар шаҳри Фуҷайраи Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, сазовори ду медал шуданд.

Абдураҳим Ёқубов дар вазни 54кг мақоми аввалро соҳиб гардид. Ӯ дар ду даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Кувайт ва Бутан, дар нимфинал бар намояндаи Эрон ва дар финал бар варзишгари Қазоқистон ғалаба карда, қаҳрамони Осиё миёни наврасон шуд.

Лаҳзаи муҳорибаи Абдураҳим Ёқубов бо яке аз рақибонаш
Акс аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Варзишгари дигари тоҷик Абубакр Муродов дар вазни 52кг ҷойи дуюм гирифт. Ӯ дар се даври муқаддамотӣ бар варзишгарони Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Афғонистон, дар нимфинал бар намояндаи Ҳиндустон дастболо шуд, вале дар финал аз варзишгари Қазоқистон мағлуб гардид.

Абубакр Муродов бо устодонаш
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ 239 варзишгар аз 26 давлати қора дар 26 категорияи вазнӣ – 13 вазн миёни писарон, 13 вазн миёни духтарон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош карданд. Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар – 10 писар ва 1 духтар ба АМА сафарбар шудаву дар 11 вазн муҳориба карданд.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/sports/20191017/mushtzani-navras-abduraim-youbov-aramoni-osiyo-shud

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон