ДАҲШАТ:Ноболиғи ӯзбек муддаӣ аст, тоҷике ӯро 2 cол таҷовуз кардааст

ДАҲШАТ:Ноболиғи ӯзбек муддаӣ аст, тоҷике ӯро 2 cол таҷовуз кардааст

 Як духтари 14-сола аз Ӯзбекистон бо нашри муроҷиати видеоие иддао дорад, ки гӯиё ӯро шаҳрванди Тоҷикистон ду сол дар пойтахти Бошқиристон таҳдид ва ба номусаш дастдарозӣ кардааст. Дар ин бора телевизиони «Вестӣ-Бошқиристон» хабар дод.

«Ӯ соли 2017 пас аз маст шудан маро таҷовуз кард. Он замон ман 12 сол доштам ва ӯ 43-сола буд. Ин кор ду сол идома ёфт. Ман ба касе чизе гуфта наметавонистам, зеро вай маро метарсонд. Ҳуҷҷатҳои модарам мушкил доштанд ва тавре маълум шуд, ӯ ба модари ман ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ таҳия кардааст. Маро таҳдид мекард, ки модаратро ихроҷ ва хоҳаратро аз мактаб пеш мекунанд. Ман хурд будам ва чизеро намефаҳмидам. Ба хотири хонаводаам сабр мекардам», — мегӯяд духтар.

Аз қазия нахуст хоҳари духтар огаҳ шуда, ба модараш хабар додааст. Модар дар навбати худ ба пулис муроҷиат кардааст. Дар натиҷа духтарро ҳамроҳи хоҳараш ба хонаи кӯдакон ва модарашонро ба маркази нигаҳдории муваққати хориҷиҳо интиқол додаанд.

Духтари ӯзбек иддао дорад, ки шаҳрванди Тоҷикистон бо Идораи пулиси маҳалли зисташон равобити зич дорад. «Мо намехостем, аз модарамон ҷудо шавем, вале моро фиреб доданд, ки ин танҳо барои як рӯз аст. Ҳоло 20 рӯз мешавад, ки иҷозат намедиҳанд, модарамро бубинем. Ягон пешравие низ нест», — афзуд ӯ.

Дар Идораи тафтишотии Бошқиристон гуфтанд, ки роҷеъ ба таҷовузи ноболиғи ӯзбек парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани гумонбар баррасӣ мешавад.

Зидди модари духтар қарори додгоҳ содир шуда, ӯ барои нақзи қонунгузории муҳоҷират бояд Русияро тарк мекард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон