ВКД садамаи пурқурбонии Конибодомро шарҳ дод

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи фоҷиабори шаҳри Конибодомро шарҳ дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, санаи 28-уми январи соли равон, тахминан соати 14.00-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 48-солаи сокини ноҳияи Исфара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Конибодом дар километри 6-уми ҳудуди деҳаи Равоти шаҳри Конибодом аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ронандаҳои ҳар ду автомашина ва мусофири дохили автомашинаи“Мерседес-Бенс”-и дуюм марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

“Мусофирони автомашинаҳо: ду нафар ҷавондухтари 20-солаи сокинони шаҳри Исфара, марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, марди 21-солаи сокини шаҳри Конибодом, марди 56-сола ва зани 46-солаи сокинони шаҳри Исфара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд”,-меафзояд манбаъ.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон