Боздошт шуданд: Раёсати ВУД зарари қолиндуздҳоро 50 000 сомонӣ гуфт - навор

Боздошт шуданд: Раёсати ВУД зарари қолиндуздҳоро 50 000 сомонӣ гуфт - навор

 Раёсати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон хабар медиҳад, ки аз кӯчаҳои шаҳр қолинҳои сокинонро ба яғмо мебурданд
Ба иттилои Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия дар асоси аризии шикоятии сокинони пойтахт, ду қолиндуздро боздошт намуданд.

Манбаъ меафзояд, яке аз ин ду гумонбарон Одинаев Маҳмадӣ Ибодович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
Номбурда қаблан низ доғи судӣ дошта, ин навбат як ҷавони дигар Саидов ҷаҳонгири 18 соларо ҳамроҳи худ гирифта шабона қолинҳои сокинонро, ки барои хушк шудан дар назди биноҳои истиқоматӣ  овехта мешуданд, тасарруф намуда, сонӣ бар ивази маблағи ночиз мефурӯхтанд.

РВУД Тоҷикистон мегӯяд, номбурдагон бо содир намудани 20 ҷинояти дуздӣ ба шаҳрвандон 50 000 сомонӣ зарари моддӣ расониданд.

Айни замон нисбати гумонбаршавандагон Одинав Маҳмадӣ ва Саидов Ҷаҳонгир бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191015/1030042180/bozdosht-shudand-rayosat-vud-zarar-kolinduzdhoro-50000-somon-guft.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон