Худкушӣ дар Ишкошим: чаро собиқадори Амонатбонк худро парронд?

Худкушӣ дар Ишкошим: чаро собиқадори Амонатбонк худро парронд?

 Ориф Турдиев, собиқадори бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошим бо истифода аз тири силоҳ худашро паррондааст Бино ба иттилоъи дарёфтӣ, ҳодисаи даст ба худкушӣ задани Ориф Турдиев, собиқ сармуҳосиби бонки давлатии Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошим, рӯзи 5-уми сентябр рух додааст.

"Ориф, шанбеи 5-уми сентябр ба бинои Амонатбонк рафта, аз тири силоҳи муҳофизи ин бонк худро паррондааст. Дар натиҷаи хунравии зиёд, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст", - гуфт як манбаъ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон

Иллати даст ба худкушӣ задани ин собиқадори бонки давлатии Тоҷикистон, то ҳол барои аҳли хонаводааш норӯшан будааст.

Аммо онҳое, ки Турдиевро аз наздик мешинохтанд, мегӯянд, ки ин собиқадори Амонатбонк дафъаҳои охир, як каме хаставу роздор ба назар мерасид.

Ориф Турдиев ҳудуди 22 сол дар низоми бонкдорӣ кор карда, то як соли пеш вазифаи сармуҳосиби Амонатбонк дар ноҳияи Ишкошимро ба уҳда доштааст.

Зимнан мақомоти тафтишотии ноҳияи Ишкошим аз рухдоди ҳодисаи худкушии ин собиқ масъули Амонатбонк парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191011/1030019321/khudkushi-ishkoshim-charo-sobikador-amonatbonk-khudashro-parrond.html 

назари худро нависед
Я думаю, что Вы ошибаетесь. Давайте обсудим. Пишите мне в PM.

---
Не плох мне понравилось,но думал што лутший. фитнес похудение, созвездие похудение а также гарденин для похудения реальные отзывы цена бесплатное похудение
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон