Боздошти марди 80-сола ҳангоми фолбинию зинокорӣ дар Душанбе (видео +18)

Боздошти марди 80-сола ҳангоми фолбинию зинокорӣ дар Душанбе (видео +18)

 

 Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои бадахлоқию анҷоми ҳаракатҳои шаҳвонӣ алайҳи Абдулло Шарипов, сокини 80-солаи шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноӣ боз кардааст 

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, Шарипов, сокини кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми анҷоми фолбинию ҳаракатҳои шаҳвонӣ нисбати занҳо боздошт шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ бо нашри як гузориш хабар доданд, ки Абдулло Шарипов бо истифода аз боварии динии мардум ба гарму хунук кардани муносибатҳо, фолбинӣ ва сеҳру ҷодугарӣ машғул шуда, нисбати занони муроҷиаткунанда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.

 

ВУД таъкид намуд, ки Шарипов қаблан низ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Феълан назари худи Абдулло Шарипов дар мавриди айби эълонкардаи мақомот маълум нест.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191010/1030016992/Bozdoshti-mardi-80-sola-hangomi-zinokori-dar-Dushanbe-video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон