ХОЛИСА: МОДАРАМ МАРО БА МАРДҲОИ АФҒОН ФУРӮХТ

ХОЛИСА: МОДАРАМ МАРО БА МАРДҲОИ АФҒОН ФУРӮХТ

 Номам Холиса, фоҳишаам! Макони зистам шаҳри Душанбе. Мехоҳам саргузаштамро «подробно» нақл кунам, то мардум фаҳманд, ки маро кӣ ва чӣ маҷбур сохт, то ба роҳи ҳаром равам.

Духтар чӣ гуна, оча намуна
Дар фоҳиша шудани ман модарам гунаҳгор аст. Ӯ маро бо афғонҳо шинос карда, домони исматамро доғдор намуд. Модарам дар бозор савдо мекард ва бо афғонҳои пулдор шинос буд. Барои пул шуда тез-тез мардҳои афғонро ба хона меовард ва то саҳар айшу ишрат мекард. Борҳо сади роҳаш гашта гуфтам, ки очаҷон, ин кори шумо хато аст, дар пеши Парвардигор тавба карда, мисли дигар занҳо ҳалолу покиза зиндагӣ кунед, вале ӯ писханд зада мегуфт, ки дар ин дунёи дурӯза «кайф» карда гаштагит мемонад. Мани ноболиғ ҳар рӯз бо чашми сарам медидам, ки чӣ тавр модарам бо мардони пулдор ишқварзӣ мекунад ва нафратам меомад. Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе ман ҳам ба мисли модарам тардомону фоҳиша шуда, даст ба дасти мардон мегардам, вале…

Духтарфурӯш
Он шоми тақдирсӯз ҳаргиз аз ёдам намеравад. Зодрӯзи модарам буд. Дӯстони савдогараш бо туҳфаҳои зиёд ба муборакбодӣ меомаданд.
-Ин туҳфаи зодрӯзат аст ва инаш бошад, барои духтари нозанинат!-Инро гуфта яке аз меҳмонҳо, ки марди тақрибан 40-солаи афғон буд, ба дасти модарам аввал 300 доллару баъд боз 1000 доллари дигар дод.
Модарам пулро гирифта, ким-чи хел имову ишора кард, вале мани сода, ки ҳанӯз 17-ро пур накарда будам, ба маънии нигоҳҳои онҳо сарфаҳм нарафтам…
Базм то як поси шаб давом кард. Пас аз нӯшонӯшу рақсу бозии бисёр меҳмонҳои масту аласт як-як бо модарам хайрухуш карда рафтанд, вале он марди афғон дилу нияти рафтан надошт. Дастурхонро ҷамъ карда, модарам бо лабханд ба ман нигаристу гуфт:
-Холиса, ин амакат имшаб меҳмони мо мешавад, кӯшиш кун, ки ӯро хафа накунӣ.
Ба маънии гапаш сарфаҳм нарафта саволомез ба рӯяш нигаристам.
-Натарс духтарам, вай ягон кори бад намекунад, фақат мехоҳад туро оғӯш карда хоб равад…
-Хун ба сарам зада бо тамоми овоз фиғон кашидам:
-Ман фоҳиша нестам, ки ба оғӯши ин буққа дароям. Оғӯш карданӣ бошад, туро оғӯш карда хоб равад!
-Вай барои ман не, барои ту омадааст. Ҳар кас барои як шаб 1000 доллар намедиҳад, духтари сода,-инро гуфта модарам ба марди афғон рӯ овард:
-Интизор шуда меистӣ, ки кай сайд бо пойи худаш ба оғӯши ту медарояд. Вай ҳанӯз духтари хона ва мисли кабки сӯр аст, рӯйи даст бардошта бар, вагарна насиби ягон шикорчии дигар мешавад….

Ҳанӯз сухани модарам ба итмом нарасида, марди афғон мисли уқоби чӯҷагир маро озод аз замин бардошт ва ба дасту по задану доду фарёдам аҳамият надода ба хонаи хоб даровард. Вай маро бо эҳтиёт рӯйи рахти хоб партофта, дарро аз дарун маҳкам кард.
Баробари маро ба хонаи хоб даровардани афғони пулмаст садои кушода ва боз пӯшида шудани дари баромад ба гӯшам расид. Фаҳмидам, ки модарам маро бо ин буққа танҳо монда, ба мошинаш нишаста ба хонаи ягон дугонааш меравад ва дигар касе ба додам нахоҳад расид..

Шаби пурдаҳшат
Медонед, шаб то саҳар он марди афғон ба ман чӣ корҳои ҳаром кард? Вай маро лучи модарзод карда дар равшании чароғ пайкарамро хуб тамошо кард, баъд ба нею нестонам нигоҳ накарда, ҷисми бадбӯи аз хук вазнинтарашро ба рӯям партофт. Ҳамин тавр ба доду фиғонам нигоҳ накарда, марди афғон аввал духтариямро гирифт, баъд ба куҷое, ки мехост кори харомашро такрор кардан гирифт. Аз ҳуш рафтаам, намедонам дар ҳолати беҳушӣ ӯ бо ман боз чиҳо кард, вале вақте ки ба ҳуш омадам, ҳамоно дар оғӯши марди афғон будам ва ӯ мисли гурги гурусна ба пайкари ман дандон зада, гоҳ мебӯсиду гоҳе мегазид.

Фарёдзанон хостам ӯро аз худ дур созам, аммо он дарранда маро ҳеҷ раҳо кардан нахоста, “як бори дигар, як бори дигар” мегуфт...
Дидам, ки намешавад, дасташро газида фирор кардам, аммо ба дари баромадгоҳ нарасида, сарам чарх заду ба замин афтида дубора аз ҳуш рафтам...

Субҳи ғамбор
Ба ҳуш омада модарамро дар болои сарам дидам. “Духтарҷон, моро хавотир накун, охир ба ту чӣ шуд...” гӯён, рӯю мӯйи маро сила мекард. Бо нафрат ба модарам нигариста гуфтам:
-Дигар духтар дорам, нагӯй! Ту барои ҳазор доллар шуда, маро ба як афғони бадбӯй фурӯхтӣ. Аз пеши чашмонам нест шав, набошад ҳозир ба идораи милиса рафта ҳамаашро мегӯяму аз рӯят шикоят мекунам.
Бо шунидани номи милиса ранги модарам канд ва аз ҷояш як қад парида гуфт:
-Холисаҷон, фикр мекунӣ, ки ман он пулҳоро барои худам гирифтам? Ба ман ягон тинаш лозим нест. Ин ҳаққи ҳалоли ту аст, ана ин пулҳоро бигир ва дилат чизе, ки мекашад, харидан гир духтарҷон...
Инро гуфта, вай аз сумкачааш ҳамон долларҳои шаб аз марди афғон гирифтаашро бароварду ба ман дароз кард....

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон