«Узтрансгаз» $20 миллиони сокинонро бармегардонад

«Узтрансгаз» $20 миллиони сокинонро бармегардонад

 Ширкати «Узтрансгаз»-и Ӯзбекистон наздики 20 миллион доллареро ба сокинон бармегардонад, ки ғайриқонунӣ гирифта буд. 

Кумитаи зиддимонополии Ӯзбекистон 7 октябр хабар дод, ки ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ баъди санҷиш дар чанд минтақаи кишвар ошкор шуд.

Ширкати «Узтрансгаз» аз бархе сокинон бо тарофаҳои баланд пули харҷи газ ситонидааст.

Дар ин робита Кумитаи зиддимонополӣ дар асоси қонун дар бораи «Монополияи табиӣ» парванда боз кардаааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон