Кордкашии ду ҷавон дар Душанбе ба марг анҷомид

Кордкашии ду ҷавон дар Душанбе ба марг анҷомид

 Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз муноқишаи ду ҷавон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ба марг анҷомид

 Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия ҷавони 19 - соларо боздошт намудаанд, ки дар куштори як наврас гумонбар дониста мешавад. 
Манбаъ меафзояд, ҳодисаи куштор рӯзи 8 октябри соли равон дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе рух додаст.

Гуфта мешавад, ҷавони 19 - сола соати 07:40 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар кӯчаи мазкур бо навраси 17 - сола, сокини кӯчаи Ҳаёти Нав муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

ВУД мегӯяд, наврас бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Феълан кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20191009/1030001519/kordkashi-du-javon-dushanbe-marg-anjomid.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон