АЛОВИДДИН АБДУЛЛОЕВ: “БЕВАБОЗӢ”-И МАРО БА ЗАНАМ ХАБАРКАШӢ МЕКУНАНД, ВАЛЕ...

АЛОВИДДИН АБДУЛЛОЕВ: “БЕВАБОЗӢ”-И МАРО БА ЗАНАМ ХАБАРКАШӢ МЕКУНАНД, ВАЛЕ...

 Аловиддин Абдуллоев бо ҳазлҳои намакинаш кайҳо дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. 

Дар қолаби ҳаҷв ин марди зираку ҳушманд мушкилоти гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба риштаи танқид кашида, тамошобинонро ба андеша водор месозад. Саҳначае, ки Аловиддин меофарад, саропо панд буда, аҳамияти баланди тарбиявӣ доранд. Дар бораи ҳунари волои ин ҳунарманд бисёр гуфтаю навиштаанд ва ҳадафи мо такрори ин гуфтаҳо нест. Имрӯз мо дар бораи зиндагии оилавии Аловиддин Абдуллоев суҳбат мекунем.

-Шумо аксаран нақши занро бозида бо поҷома ва куртаю рӯймоли занона ба саҳна мебароед. Албатта мардро дар либоси занона дидан бисёр хандаовар аст, вале ба пайвандони актёр шояд ин хуш наояд. Ҳамсару фарзандонатон аз либоси занона пӯшиданатон норозигӣ намекунанд?
-Ман аз давраи ҷавонӣ ояндаамро медонистам, барои ҳамин кофта-кофта духтари рамузфаҳм ва фарҳангдӯстеро ёфтам. Ҳамсарам зани оқила аст, вай натанҳо эрод намегирад, балки ба ман дар офаридани нақшҳои занона кӯмак мерасонад.
-Магар саҳнаҳоро ҳамсаратон менависад?
-Саҳна наменависад, вале бештар аз коргардон ва муаллифи сенария ба ман кӯмак мерасонад. Вақти офаридани нақшҳои занона ман пеш аз ба саҳна баромадан ҳатман либосамро аз назари ҳамсарам мегузаронам. Камбудӣ дошта бошад, мегӯяд, ҳамроҳ ислоҳ мекунем. Духтаронам ҳам аллакай мунаққидони хуб шудаанд, ҳангоми наворбардорӣ дар паҳлӯям истода, хатоҳои маро ислоҳ мекунанд.
-Янга шуморо грим мекунад?
-Яке аз дарсҳои асосӣ барои донишҷӯёни бахши актёрӣ пардозгарӣ аст ва дар ин дарс тамоми нозукиҳои гримро меомӯзонанд, бинобар ин, сару рӯямро ман худам рангубор мекунам.
-Гуфтед, ки духтаронатон аллакай мунаққиди хуб шудаанд. Онҳо ба нақшҳои офаридаи падарашон эрод намегиранд?
-Нигоҳи фарзандону пайвандонам ба ин нақшҳое, ки ман меофарам, мусбӣ аст. Онҳо ба ин масъала бисёр ҷиддӣ бархӯрд мекунанд ва гоҳо маслиҳатҳои судманд медиҳанд. Албатта баъзан вақти наворбардорӣ халал мерасонанд, вале ҳамин халалрасониашон ҳам боманфиат аст.
-Магар халалрасонӣ боманфиат буда метавонад?
-Халал мерасонанд гуфта, ман дар вақти наворгирӣ хандиданашонро дар назар дорам. Онҳо, ки хандиданд, мефаҳмам, ки тирам ба нишон расида истодааст ва тамошобинонро хандонда метавонам.
-Фарзандонатон аз пайи падар рафтаанд?
-Шукри Худо соҳиби чор фарзанди нозанин ҳастем, вале дар оилаи мо интихоби касб озод аст. Айни замон шавқи актёрии бачаҳоямро пай набурдаам.
-Хонумҳои зиёде ба Шумо бо чашми меҳр менигаранд ва мисли соя аз пасатон гашта, соядаст мепурсанд. «Бевабозӣ ”-и Аловиддинро ба янга хабаркашӣ намекунанд?
-Эҳ-ҳе намекунанд-а! Чунон мекунанд-ки...
-Янга аз гиребонатон намегиранд?
-Ҷавоби янгаатон ба чунин иғвогарон ҳамеша яктост: “Аввал Аловиддин барин шавҳар ёбед, баъд гап занед! Аловиддин барин мард дар тамоми Тоҷикистон дигар нест. Шавҳари ман якто аст. Якто! Хоҳад мард мешавад, хоҳад зан! Вай «ҷентелмен» аст, бигзор чӣ коре, ки мехоҳад, кунад !”
-Имрӯзҳо дар бораи коста шудани ахлоқи ҷавонону наврасон бисёр мегӯянду менависанд. Волидон айбро ба сари мактаб мезананду омӯзгорон падару модаронро гунаҳкор мешуморанд. Ба ақидаи Шумо дар тарбияи кӯдак кӣ бештар масъул аст: мактаб ё падару модар?
-Зане фарзанддор мешавад ва баъди се рӯз тифли кӯчаки парпечашро ба назди Абӯали ибни Сино бурда мепурсад, ки тарбияи бачаашро аз кай сар кунад. Сино мепурсад, ки кӯдак чандвақта аст. Зан ҷавоб медиҳад, ки нав серӯза шуд. Шумо аллакай се рӯз дер кардед мегӯяд ҳакими номдор. Ин ҳикоят ҳикмати бузург дорад. Тарбияи фарзандро аз батни модар сар кардан лозим аст. Ҳар як мард бояд бо нони ҳалол ба хона ояд, то фарзандонаш бо луқмаи ҳалол калон шуда, ҳамчун одамони солеҳу худотарсу покдилу покният ба воя расанд. Дурӯғгӯиву фиребгарии падару модар ба фарзандон бе таъсир намемонад.
-Моҷароҷӯӣ ва ҷангарагиро ҳам аз волидон мерос мегиранд?
-Албатта! Ман як саҳнаи аҷиб дорам. Зане духтарашро ба шавҳар медиҳад, вале арӯсак ҳеҷ бо шавҳараш муросо карда натавониста, мудом шатта мехӯрад. Рӯзе баъди ҷанҷоли навбатӣ бо шавҳараш келинчак қаҳр карда ба хонаи модараш меояд ва аз домод шикоят мекунад. Модараш, ки дӯғ кашида истода буд, ба дасташ як бандча райҳон дода мегӯяд: “ Ин райҳони сеҳрнок аст. Бегоҳ мардакат, ки аз кор омад, чанд донаашро ба даҳонат андозу хомӯшона ҳама кору бори хонаро карда гард. Ҳушёр шав, боз гап назанӣ, ки таъсири райҳони сеҳрнок гум мешавад !”Духтар мераваду як ҳафта пас бо табъи болида омада ба модараш миннатдорӣ баён намуда, мепурсад, ки райҳони сеҳрнокро аз куҷо ёфта буд. Модараш хандида мегӯяд: “Райҳон ягон хел сеҳру ҷоду надошт. Сир дар даҳони пӯшида буд. Зан баҳудаю беҳуда ҷак-ҷак накунад, шавҳараш ӯро намезанад !” Ин аст роҳи тарбияи фарзанд!
-Вақтҳои охир дар телевизион рафтори бадахлоқонаи муллоҳоро бисёр намоиш медиҳанд. Бархе бар он назаранд, ки ин наворҳоро махсус, барои паст кардани обрӯи муллоҳо намоиш медиҳанд. Мехостем назари Шуморо ба ин масъала бидонем.

-«Шӯхиҳои Аловиддин»-ро агар пайваста тамошо мекарда бошед, пас дар ёд доред, ки се сол пеш ман ин масъаларо дар як саҳначаам бардошта будам. Саҳна «Базӯр барои худам тӯғрӣ кардам» ном дошт. Ҷавоне муллои деҳаашонро ба хонаи як ҷавонзан хостгорӣ мебараду мулло ба ҷойи ҷавононро никоҳ кардан, духтарро ба гап дароварда ба худаш никоҳ мекунад. Муллоҳои фиребгару зинокор аз содадилии мардум истифода бурда, ба амалҳои ношоям даст мезананд. Ин тоифа натанҳо обрӯи худашон ва занҳои ба домашон афтидаро мерезонанд, балки дини мубини исломро низ бадном месозанд.
-Росташро гӯед, ягон бор аз пешаи интихобкардаатон пушаймон шудаед?
-Чаро пушаймон шавам?! Аловиддин будам, бо шарофати касбам «Акаи Аловиддин ” шудам. Магар аз ин бахти баланд мешавад?!
-Дар хона ҳам шӯхӣ мекунед ё марди ҷиддӣ ҳастед?
-Албатта ҳамеша бо қавоқи овезон намегардам, ҷояш ояд, механдам, вале дар масъалаи оиладорӣ бисёр марди ҷиддӣ ҳастам. Пайвандонам ин хислати маро дӯст медоранд.
-Дар анҷоми суҳбат барои хонандагони мо ягон латифа мегӯед?
-Бо ҷону дил! Ҳофизи номдоре бо фарзандонаш ба сари гӯри падараш дуохонӣ меравад. Пас аз дуо писараш хоҳиш мекунад, ки ба сари қабри бобои модариаш низ рафта дуо хонанд. Ҳофиз, ки он рӯз ба маъракае даъватӣ буд, даст афшонда мегӯяд: “Падари ман бо падари модарат ҷӯраи наздик буданд. Онҳо албатта бегоҳ вомехӯранду падарам дуою саломи моро ба бобоят мерасонад !”
-Саломат бошед!

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон