“КРЫША”-И ЮЛДУЗ УСМОНОВА КИСТ?

“КРЫША”-И ЮЛДУЗ УСМОНОВА КИСТ?

 Даричаи ошноӣ:
Юлдуз Усмонова 12-уми декабри соли 1963 дар Марғелон, дар оилаи коргарон Уроимхон Усмонов ва Раҳима Акбарова чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар оила ӯ фарзанди шашум буда 4 бародару 3 хоҳар дорад. Дар бораи Юлдуз бисёр мегӯянду менависанд, вале мо хостем ҳақиқати ҳаёти ин ситораи дурахшони узбекро аз забони худаш бишнавем.

 -Шуморо бисёриҳо бойдухтар мегӯянд. Ин танҳо лақаб аст ё дар ҳақиқат волидонатон миллионер буданд?

-Падарам Уроимхон Усмонов соли 1926 дар Марғелон таваллуд шуда, тамоми умр, яъне 52 сол дар комбинати шоҳибарории Марғелон кор кардаанд. Раҳматӣ шахси ниҳоят меҳнатдӯст буданд. Дар баробари дар комбинат кор карданашон устои чӯбтарош буданду катҳои бароҳати мустаҳкам месохтанд. БАз ҳисоби ҳамин ҳунари падарам мо зиндагии серу пур доштем ва ҳамчун оилаи бою бадавлат ном баровада будем. Маро ҳанӯз аз замони кӯдаки бойдухтар мегуфтанд.

-Чаро шуморо Юлдуз ном ниҳодаанд? Магар волидонатон ҳис мекарданд, ки духтарашон ситораи санъат мешавад?

-Вақте ки падарам барои гирифтани шиносномаи таваллуд ба идораи ақди никоҳ меравад, бародари калониям Исмоилро бо худ мебаранд. Кормандони идора аз падарам мепурсанд, ки духтаратонро чӣ ном мегузоред. Акаам зорию тавалло карда мегӯяд, ки дадаҷон, дирӯз ман дар осмон як ситораи дурахшону зеборо дидам, биёед хоҳаракамро Юлдуз, яъне Ситора ном монем. Ҳамин тавр ман Юлдуз шудаам.

-Шумо хислати мардона доред, инро аз падар мерос гирифтед ё аз модар?

-Модарам Раҳимахон Акбарова соли 1932 дар Марғелон таваллуд шуда, 41 сол дар комбинати шоҳибарории Марғелон заҳмат кашидааст. Хислати ман ба хислати модарам монанд аст. ӯ ҳељ гоҳ худро хор шудан намемонд, хислати мардона дошт.

-Фаъолияти эљодии худро аз чӣ оғоз намуда будед?

-Аз овони наврасӣ духтари ҳунарманд будам, хӯрокпазиро дӯст медоштам. Оши палав, қандинаву кулчаро бо майли том мепӯхтам, вале љаҳони санъат, дунёи афсонавии оҳангу садо маро мафтун менамуд. Бо мурури замон дар хонаи маданияти комбинатамон машқ мекардагӣ шудам. Ансамбли дуторнавозонро дар комбинат ташкил кардам, вале роҳи маро ба олами санъат як вохӯрии тақдирсоз кушод...

-Он чи гуна вохӯрӣ буд?

-Соле, ки омӯзишгоҳи омӯзгориро хатм мекардам, тасодуфан бо Гавҳар Раҳимова, хоҳари Тамарахонум вохӯрдам. Гавҳархонум маро ба шаҳри Тошканд бурда, бо профессори консерватория Саодат Кобулова шинос карданд ва гуфтанд: «Саодатхон, аз ин духтарак сарояндаи хуб созед!»

Саодатхон ба омӯзиши ман пардохта, оҳиста-оҳиста тамоми нозукиҳои санъатро ёд доданд. Бо мадади он кас ман ба консерватория дохил шудам. Аз самими дил меҳнат карда, оҳиста-оҳиста роҳи худро дар ҷодаи санъат ёфтам ва натанҳо дар Ватанам Ӯзбекисон, балки дар дигар кишварҳо низ машҳур гаштам. Он ки имрӯз Юлдузро мардум дар саросари олам хеле хуб мешиносанд, саҳми ҳамин устодони сахтгир ва ҳамзамон меҳрубон аст.

-Ба мухлисонатон чӣ таманно доред?

-Барои он, ки ҳамеша маро дастгирӣ менамоянду барои фаъолияту эљод нерӯ мебахшанд, аз мухлисонам сипосгузорам. Дасти каму рӯйи ғамро набинанд. Дар хонаҳояшон танҳо садои мусиқӣ танинандоз бошад!
-Ташаккур. Комёб бошед!

Меҳрубон

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон