Ба ҳамсараш дар кӯдакӣ ошиқ шуд - 8 далел аз ҳаёти Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ба ҳамсараш дар кӯдакӣ ошиқ шуд - 8 далел аз ҳаёти Ҳабиб Нурмуҳаммадов

 Размикори UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар баландтарин зинаи шуҳрат қарор дорад. Дар бораи қаҳрамони созмони бонуфуз ҳатто ашхосе медонанд, ки умуман ба варзиш шуғл надоранд. Мо чанд далел аз ҳаёти варзишкорро бароятон омода кардаем 

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳристи UFC мақоми дуюмро касб кардааст ва дар таърихи созмон бештарин гонорар мегирад. 8 сентябри соли равон дар Абу-Даби (АМА) ӯ варзишкори амрикоӣ Дастин Пореро мағлуб карда, унвони қаҳрамонии худро ҳимоя кард. Ҷоизаи рақобат ҳам рекордӣ — 6 миллион доллар буд.

Размикор, ки таҳти унвони Беркут ҳунарнамоӣ мекунад, то ҳол боре ҳам аз октагон бо сари хам набаромадааст. Ӯ 28 бор дар рақобатҳои муҳорибаҳои омехта пирӯз шудааст.

Тамрин аз 5 - солагӣ

Ҳабиб 20 сентябри соли 1988 дар деҳаи Силди дар Доғистон (Русия) ба дунё омадааст. Милаташ авар. Падараш Абдулманап Нурмуҳаммадов — қаҳрамони Украина оид ба самбо, бародари падараш  — қаҳамони ҷаҳон оид ба самбо мебошад. Ҳамроҳи бародари хурдиаш Абубакр Ҳабиб таҳти раҳбарии падар дар панҷсолагӣ ба тамрин оғоз кардааст.

Соли 2001 хонаводаи Ҳабиб ба Махачкала кӯчидаанд. Абдулманап Нурмуҳаммадов он замон мураббии самбо буд. Боре ӯ наври муҳорибаҳои омехтаро тамошо карду аз ин намуди варзиш ба ваҷд омад, вале қарор кард, ки писарашро ҳам самбо ва ҳам ҷудо меомӯзонад. Мумкин ҳамин қарори падар буд, ки имрӯз Ҳабиб дар ҷаҳони варзиш ҳамто надорад. 

Бо хирсча ба ҷанг баромад

Вақте Ҳабиб соли 2018 қаҳрамони UFC шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он Ҳабиб дар кӯдакӣ бо хирса меҷангад. Маълум шуд, ки он навор соли 1997 - ум дар Махачкала ба навор гирифта шудааст.

Хабиб Нурмагомедов
Хабиб Нурмагомедов

Имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҷадид паҳн шуд, ки дар он Ҳабиб боз бо хирс ба набард мебарояд. Замони ба навор гирифтани ин размоиш номаълум аст, вале дида мешавад, ки ин ҷо Ҳабиб бузургтар аст. 

Кумири Ҳабиб - Федор Емеляненко

Вақте Ҳабиб ҳоло дар ҷаҳони варзиш ношинос буд, исми варзишкори русиягӣ Федор Емеляненко марзҳоро убур карда буд. Ҳабиб боре дар бораи ӯ гуфта буд: "Федор дар ҳама навъи варзиш зӯр аст. Мо ҳамроҳи дӯстонамон бо қаҳрамониҳои ӯ бузург шудем.  Ман боре ҳам дар бораи ӯ сухане бад нашунидаам. Ман ҳам чун варзишкори касбӣ ва ҳамчун инсон ӯро ҳурмат мекунам".

Қариб посбон мешуд

Дар синни 19 - солагӣ Ҳабиб қарор кард чун посбон фаъолият кунад, вале падараш ба ӯ иҷоза надод. Ӯ гуфт: "Агар ту кор кунӣ тамрин карда наметавонӣ. Барои размикор шудан бояд худро пурра ба варзиш бахшид. Вазифаи ту — хуб истеъмол кардан ва ба тамрин рафтан. Дигар паҳлуҳояшро ман бар уҳдаи худ мегирам. Пул бароят фақат барои роҳкиро ва об лозим аст, ғизоро дар хона метавонӣ истеъмол кунӣ".

10 рақибро бо усули буғӣ  мағлуб кард

Соли 2008 оид ба муҳорибаҳои омехтаи CSFU: Champions League миёни варзишкорони касбӣ Нурмуҳаммадов рақибашро тариқи буғӣ кардан мағлуб карда буд. Ин нахустин пирӯзии касбии ӯ буд. Пасон варзишкор дар созмонҳои PAC, ТFC, М-1 ва ProFC ба майдон баромад.

Бино ба додаҳои вебгоҳи Sherdogg, варзишкори русиягӣ 28 бор пирӯз шуда, боре ҳам мағлуб нашудааст. Ӯ даҳ набардро тариқи усули буғӣ кардан ба фоидаи худ анҷом додааст. Даҳ рақобати дигар бо баҳои реферӣ ва ҳашт бори дигар рақибонашро нокаут кардааст.

Ба октагон бо папаха

Ҳар як размикори MMA бояд тахаллус ва стили худро дошта бошад.

"Беркут — разми Доғистон аст, ман ин тахаллусро гирифтам ва боз қарор кардам, ки бо кулоҳи миллӣ - папаха мебароям", — нақл кард Нурмуҳаммадов.

Хабиб Нурмагомедов
© AP / MAHMOUD KHALED
Хабиб Нурмагомедов

Ба гуфти варзишкор имрӯз мардуми ҷаҳон бо шарофати ӯ дар бораи папаха ва Доғистон медонанд.

Захмҳо ва дастовардҳо 

Соли 2012 дар октагони UFC Ҳабиб бо усули буғӣ кардан варзишкори амрикоӣ Камал Шалорустро мағлуб кард. "Ман он замон 23 сол доштам ва аксаран бар ин буданд, ки UFC барои ман орзуи хом аст ва ҳунарнамоӣ он ҷо ҳоло барвақт аст. Чунин суханон маро ба қаҳр оварданд ва ман мехостам тезтар худро нишон диҳам", — ба ёд меорад варзишкор.

Солҳои 2012–2014 Нурмуҳаммадов Глейсон Тиба, Тиаго Таварес, Абел Трухило, Пэт Хилл ва Рафаэл Дус Анжусро мағлуб кард. Соли 2014 аз зонуяш ҷароҳатдор шуд ва натавонист бо Тони Фергюсон рақобат кунад. Пасон пояшро захмӣ кард ва чанде боз натавонист ба октагон барояд.

Соли 2016 боз чанд бор бояд миёни Ҳабиб ва Фергюсон рақобат барпо мешуд, вале боз бо сабабҳои ҷойдошта ин рақобатҳо барпо нашуданд.

Моҳи октябри соли 2018 Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи сабқати UFC 229 бо варзишкори ирландӣ Конор Макгегор ба набард баромад, то унвони қарамониро ҳимоя кунад. Ин сабқат ҳаводорони ин навъи варзишро дучанд кард. Ҳамин тавр Ҳабиб Конорро бо усули буғӣ кардан мағлуб кард. 

Макгрегор то ҳол аз дастандаркорони UFC талаби реванш бо Ҳабибро дорад.

Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
© AP / SETH WENIG
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор

Ҳаёти шахсиашро дар маъраз намегузорад

Ҳабиб нақл кардан дар бораи ҳаёти шахсиро дӯст намедорад. Чуноне расонаҳои хориҷӣ менависанд, ҳамсари ӯ Патимат (Фотима) ҳам аз зодгоҳи варзишкор мебошад. Онҳо ҳамдигарро аз кӯдакӣ мешинохтанд. Вақте хонаводаи Ҳабиб ба дигар маҳалла кӯч баст, ӯ барои дидани Фотима ба зодгоҳаш меомад. 

Ҳабиб дар 23-солагӣ хонадор шуд. Дар маросими арӯсии варзишкори машҳур 1200 меҳмон ҷамъ омадааст. Рӯйи арӯс мувофиқи расму русум пӯшонида буд. Акси ҳамсари Ҳабибро бо рӯйи пӯшида дида Макгрегор ӯро "сачоқ" - гуфта таҳқир кард, вале баъдтар ин шарҳашро тоза кард.

То ҳол корбарони интернет намуди зоҳирии ҳамсари Ҳабибро намедонанд.

Соли 2015 ҷуфти хушбахт соҳиби духтарча бо номи Фотима шуданд. Соли 2017 бошад соҳиби писар - Муҳаммад шуданд. Писари Ҳабиб таҳти раҳбарии бобо ба воя мерасад ва аллакай ба тамрин машғул мешавад. Дар баробари ин Абдуманап Нурмуҳаммадов ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар хонаводаи онҳо интизори меҳмони нав ҳастанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190928/1029942290/habib-nurmagomedov-hayot-hamsar.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон