Муҳоҷирони узбек аз тарси пулис аз ошёнаи дувум ба замин париданд

Муҳоҷирони узбек аз тарси пулис аз ошёнаи дувум ба замин париданд

 Ду муҳоҷири узбек, ки ҳангоми фирор аз кормандони пулиси шаҳри Балашихаи вилояти Маскав худро аз ошёнаи дувум ба замин партофта буданд, дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. 

Ин шаҳрвандони Узбекистон ҳамроҳи ду ҳамватани дигари худ ба манзили зисти як шаҳрванди Қирғизистон ба меҳмонӣ рафта буданд ва шоми 20-уми сентябр се кормандони пулис дар либоси мулкӣ ба хона даромада, онҳоро латукӯб ва пул талаб кардаанд.

Илҳом Холматов, яке аз муҳоҷирони латукӯбшуда гуфт, он шаб афроде дар либоси мулкӣ омада, худро корманди бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ муаррифӣ ва онҳоро латукӯб карданд. "Якеашон туфангро нишон дода, гуфт, мепаронам. Дигар ҳеч чиз дар ёдам нест. Вақте ба худ омадам, дар замин хоб будам", - афзуд ӯ.

Соҳибхона ва шаҳрванди Қирғизистон Элёрбек Умаров мегӯяд, кормандони пулис ба хонаи ӯ бе иҷозат ворид шуда, пул талаб карданд. "Вақте гуфтам, аз Қирғизистонам, ба биниям як мушт зад. Пурсидам, ки ман ба шумо чӣ кор кардам? Гуфт, ба ман 10 ҳазор рубл медиҳӣ. Ба ӯ гуфтам, ки дар корти бонкиам танҳо 8 ҳазор дорам ва ӯ латукӯб карданро идома дод", - изҳор дошт Умаров.

Дар натиҷа ду муҳоҷири узбек худро аз ошёнаи дувум ба замин партофтанд ва онҳоро муҳоҷирони тоҷик, ки аз кӯча мегузаштанд, дар ҳолати беҳушӣ пайдо карда, "ёрии таъҷилӣ"-ро даъват карданд. Кормандони пулис пинҳон шуда, танҳо пас аз рафтани мошини "ёрии таъҷилӣ" аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳоло ин ду муҳоҷири узбек Дилшод Темиров ва Илҳом Холматов бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар шуъбаи эҳёгарии бемористони марказии Балашиха бистарианд. Холматов гуфт, рӯзи 21-уми сентябр кормандони пулис бо либоси низомӣ ба бемористон рафта, ба онҳо гуфтаанд, ки худашон аз ошёнаи дувум ба замин паридаанд ва як шоҳид низ доранд.

Ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик, ки аз ҳаққи муҳоҷирони узбек ҳимоят мекунад, гуфт, аллакай аз болои кормандони пулис ба Кумитаи тафтишотии вилояти Москва шикоят бурда, талаб кардаанд, ки зидди маъмурони ҳифзи ҳуқуқ парванда боз карда шавад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон