Муҳоҷирати корӣ 26 дарсад афзоиш ёфтааст

Муҳоҷирати корӣ 26 дарсад афзоиш ёфтааст

 Дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон 411 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба кишваҳои хориҷӣ муҳоҷират кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 26 дарсад бештар будааст. 

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, танҳо дар моҳи август 54 ҳазор тоҷикистонӣ барои ҷустуҷӯи кор ба кишварҳои хориҷӣ сафар кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 беш аз 10 ҳазор нафар зиёд будааст.

Коршиносони масоили иқтисодӣ далели раванди афзоиши теъдоди муҳоҷирони кориро ба беҳбуди вазъи иқтисодӣ дар Русия ва имзои созишномаҳои байнидавлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар марбут хондаанд.

Тибқи иттилои расмӣ солона то 800 ҳазор ва бинобар омори ғайрирасмӣ соле беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Аз ин ҷумла, 17 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон