Пешрафти Хоҷазода ва поинравии Устопириён, Сомон ва Шакармамад дар радабандии ҷаҳонӣ

Пешрафти Хоҷазода ва поинравии Устопириён, Сомон ва Шакармамад дар радабандии ҷаҳонӣ

 Федератсияи байналмилалии ҷудо – IJF, пас аз натиҷагирии мусобиқаи Гран Прии Тошканд радабандии нави олимпиро нашр кард, ки дар он паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ду зина пеш омадааст 

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷудокори тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода бо 1978 хол аз ҷои 15-уми ба ҷои 13-уми вазни то 73 кило баромад.

Кумита таъкид намудааст, ки тибқи талаботи системаи интихобии олимпӣ - ба ҳар КМО як роҳхат, Хоҷазода  дар воқеъ  дар ҷои 10-ум қарор дорад. Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран Прии Тошканд сазовори медали нуқра гардид ва 490 холро сазовор шуд.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100 кило дар Гран Прии Тошканд ҷои панҷумро ишғол кард ва мавқеашро дар радабандии олимпӣ 2 зина беҳтар намуда, аз ҷои 24 ба ҷои 22-юм баромад. Темур Раҳимов барои ҷои панҷум соҳиби 252 хол гардид ва шумораи холҳояш ба 1373 расид.

Дар радабандӣ бори нахуст номи варзишгари Тоҷикистон Муҳаммад Маҳмадизода ворид гардид, ки Гран Прии Тошканд барои Муҳаммад аввалин мусобиқаи байналмилалӣ маҳсуб меёфт. Муҳаммадизода дар вазни то 60 кило ҷои 7-умро ишғол кард ва 182 хол ба даст овард. Бо ин натиҷа ӯ дар ҷои 97-ум мавқеъ гирифт.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, Саидов Саидҷалол дар вазни -100 кило бо як ғалаба 112 хол ба даст оварда, мақеашро ҳафт зина беҳтар кард ва аз ҷои 64 ба ҷои 57 баромад.

Варзишгарони дигар – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Шакармамад Мирмамадов (+100кг) якзинаӣ, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) се зина поён шуданд.

Кумита тавзеҳ додааст, ки то охири соли равон варзишгарони Тоҷикистон имкон доранд дар 4 мусобиқаи дигар – силсилаи мусобиқоти Гранд Слам дар Бразилиа, рӯзҳои 6 то 8 октябр,  Абу Дабӣ, рӯзҳои 24-26 октябр,  Осака, рӯзҳои 22-24 ноябр ва “Qingdao Masters” рӯзҳои 12-14 декабр иштирок карда, барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии олимпӣ кӯшиш кунанд.

Манбаъ афзуд, ки марҳилаи интихобӣ дар намуди ҷудо то 20 майи соли 2020 идома меёбад.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190925/1029920965/Peshrafti-Khojazoda-va-poinravii-Ustopiriyon-Somon-va-Shakarmamad-dar-radabandii-jahoni.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон