Месси беҳтарин футболбози ҷаҳон шинохта шуд

Месси беҳтарин футболбози ҷаҳон шинохта шуд

 Ҳамлагари бошгоҳи "Барселона" ва яккачини Аргентина Лионел Месси бори шашум дорандаи ҷоизаи олии The Best FIFA Awards-2019 шуд 

 Футболбози аргентинӣ Лионел Месси беҳтарин бозигари соли 2019 шинохта шуд.

Бозигари 32 солаи бошгоҳи "Барселона" ва яккачини Аргентина Лионел Месси бори шашум дорандаи мукофоти олии The Best FIFA Awards-2019 шуд.

Пештар футболбози машҳур, солҳои 2009, 2010, 2011, 2012 ва 2015 аз ҷониби FIFA беҳтарин бозигар эълон шуда буд.
Қайд мешавад, ки ин бор Месси ин ҷоизаро бо гирифтани 46 дарсади овозҳо, аз худ кардааст.

Ёдрас мешавем, ки дар мавсими гузашта Месси дар ҳайъати тими "Барселона" дар 50 бозӣ ширкат карда ва 51 гол ба нишон расонид.

Лионель Андрес Месси - футболбози аргентинӣ, ҳамлагар ва капитани бошгоҳи "Барселона" мебошад. Аз соли 2011 инҷониб капитани мунтахаби миллии Аргентина аст. Бозигар дар таърихи бошгоҳи "Барселона" беҳтарин голзан шинохта шудааст. Коршиносон мегӯянд, Месси аз беҳтарин бозигарони замони муосир аст.

"The Best FIFA Awards" - ҷоизаест, ки аз соли 1991 инҷониб ҳар сол ба беҳтарин бозигар супорида мешавад.

Read more: https://sputnik-tj.com/world/20190924/1029915020/Messi-futbol-barselona-fifa.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон