БАХТИНУРРО ДАР МАСКАВ КУШТАНД

БАХТИНУРРО ДАР МАСКАВ КУШТАНД

 Волидонаш бо садҳо умеду орзуҳои ширин ӯро Бахтинур ном ниҳода буданд, то хушбахттарин инсони рӯйи замин бигардад ва ҳаёташ як умр нурбор бошад, аммо зиндагӣ ба ин ҷавони мисли Юсуф зебову хубрӯй вафо накард. Бахтинур қурбони ҷаҳли ин гуруҳ авбошони хунхори рус гашт. Санаи 13-уми сентябр як гурӯҳ миллатгароён ба ин ҷавони бе гуноҳи тоҷик ҳамла карда, Бахтинурро бераҳмона лату кӯб намуданд. Дар натиҷа ҷавон ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав ҷон ба ҷонфарин супурд.
Ҷисми бе ҷони Бахтинури ғуррамарг санаи 20-уми сентябр тариқи ҳавопаймо ба Ватан интиқол дода шуд.

Бахтинур ягона ҷавоне нест, ки дар мулки ғурбат қурбон гашт. Қатлу ғорати муҳоҷирон дар Русия ба ҳукми анъана даромада, қариб ҳар ҳафта ҷасади ин ё он ҷавонмарди тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон оварда мешавад...
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон