расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Тоҷикистон 10 ҳазор кормандро ба рухсатии маҷбурӣ фиристоданд

. / Ҷомеа

Дар Тоҷикистон 10 ҳазор кормандро ба рухсатии маҷбурӣ фиристоданд

Ҳаҷми қарздорӣ аз музди меҳнат аз оғози сол ба наздики 4 млн доллар расид.

Акси марбута
Сурат: media.rbcdn.ru
Беш аз 9,8 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бо сабаби аз фаъолият бозмондани чанде аз корхонаҳо дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд. Ин шахсон бо ташаббуси маъмурияти корхона ба рухсатӣ рафтаанд. Дар ҳамин ҳол, 8 ҳазор нафари онҳо (беш аз 80%) бидуни нигоҳ доштани музди меҳнат. 200 нафар бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ва рӯзи кории нопурра фаъолият доранд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Бекории пасипардагӣ (пинҳонӣ) шуғли нопуррае мебошад, ки бар асари бозмондани истеҳсолот қисме аз кормандон дар рухсатии маҷбурӣ қарор доранд ё бо реҷаи ҳафтаи кории нопурра ё рӯзи кории нопурра фаъолият мекунанд.
Сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пасипардагӣ аз ҷониби Агентии омор 2,4% аз шумори умумии қувваи корӣ арзёбӣ мешавад.
Қувваи корӣ (шуғлдошта ва бекорони расман сабтшуда) тибқи арзёбии пешакии Агентӣ, 2 млн 468 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Зиёда аз 2 млн 417 ҳазор нафари онҳо (98%) дар соҳаи иқтисод машғули кор буда, 50,4 ҳазор кас расман мақоми бекор доранд, ки ба 2% аз шумори умумии қувваи корӣ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Бекорон шахсоне ҳисобида мешаванд, ки дар мақомоти дахлдор расман худро ба сифати бекор ба қайд гузоштаанд.
Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи октябр 1426 сомонро ташкил дода, бо дарназардошти болоравии маоши кормандони буҷет дар моҳи сентябр, он ба андозаи 13,5% зиёд шуд (ба бархе аз кормандон 10% ва барои бархеи дигар – 15% афзуд).
Маоши аз ҳама баландро моҳи сентябр дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва суғурта (3397 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2731 сомонӣ), бинокорон (2477 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2423 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 563 сомонӣ сабт шудааст.

Ба кормандон чӣ қадар қарздор шуданд?

Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 74,8 млн сомонӣ (наздики 6,6 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.
Зиёда аз 55% аз ҳаҷми умумии ин қарз соли равон ба вуҷуд омад: ҳаҷми қарз аз маош ба аввали моҳи октябр қариб ба 41,5 млн сомонӣ (3,9 млн доллар тибқи қурби миёна дар соли 2020) расид.
Қарзи бештар назаррас ба кормандон дар соли ҷорӣ моҳҳои апрел (15,1 млн сомонӣ) ва август (10,8 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шуд.
Қарзи назаррас (бо назардошти солҳои пешин) дар саноати коркард (22 млн сомонӣ), сохтмон (19,3 млн сомонӣ) ва саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок (15,2 млн сомонӣ) боқӣ мемонад.
Дар паҳнои пасошӯравӣ Тоҷикистон кишвари музди меҳнаташ пасттарин дониста мешавад. Бо ин сабаб бисёре аз шаҳрвандон баҳри дарёфти кори шоиста ҷумҳуриро тарк мекунанд.
Тибқи баъзе маълумоти расман тасдиқношуда, беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, асосан дар Русия қарор доранд.
Ҳаҷми солонаи интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар Русия тайи се соли ахир 2,5 млрд долларро ташкил дод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.