Президенти UFC эълон кард кай Макгрегор ба майдон мебарояд

Президенти UFC эълон кард кай Макгрегор ба майдон мебарояд

 Размикори ирландӣ аз моҳи октябри соли гузашта, пас аз шикаст хӯрдан аз дасти Ҳабиб Нурмуҳамммадов ба майдон набаромадааст 

Президенти UFC Дана Уайт дар саҳифааш дар Twitter замони бозгашти Конор Макгрегорро гуфт.

Ҳафтаи равон Макгрегор дар саҳифааш дар Twitter шарҳе навишт, ки аз бозгашти ӯ ба майдони ҳарб дарак медод. Ӯ гуфт "Дублин, 14 декабр".

<iframe id="twitter-widget-1" class="twitter-tweet twitter-tweet-rendered" title="Твит из Твиттера" width="300" height="150" frameborder="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-tweet-id="1173423846524952576" data-mce-fragment="1"></iframe>

 

Ба гуфти Уайт собиқ қаҳрамони муҳорибаҳои омехта дар воқеъ мехоҳад рӯзи 14 декабр дар Ирландия ба октагон барояд.

"Бовар дорам шумо шарҳи ӯро дар Twitter дидед. Конор мехоҳад рӯзи 14 декабр дар Дублин размоиш кунад. Вале ҳамин рӯз мо дар Лас-Вегас барномаи дигаре дар нақша дорем. Агар ӯ он ҷо нашавад, мумкин авоили соли оянда ба октагон бозмегардад", - гуфт Уайт дар сабти видеоӣ.

<iframe id="twitter-widget-2" class="twitter-tweet twitter-tweet-rendered" title="Твит из Твиттера" width="300" height="150" frameborder="0" scrolling="no" allowfullscreen="allowfullscreen" data-tweet-id="1174767275817295875" data-mce-fragment="1"></iframe>

Размикори ирландӣ Конор Макгрегор аз моҳи октябри соли 2018, пас аз шикаст дар муҳориба бо размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳамммадов ба майдон набаромадааст.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190922/1029904230/Prezdent-UFC-Conor-McGregor-ba-maydon-mebaroyad.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон