расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Як имомхатиб довталаби даври ҷумҳурявии озумуни "Фурӯғи субҳи доноӣ” аст

Асосӣ / Ҷомеа

Як имомхатиб довталаби даври ҷумҳурявии озумуни "Фурӯғи субҳи доноӣ” аст

Ин бори нахуст аст, ки як имомхатиб дар ин озмун ширкат мекунад ва баранда мешавад.


Ардашер Амонов  имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Ҷалолиддини Балхии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" сазовори ҷойи дуюм, дар даври шаҳрӣ соҳиби ҷойи сеюм гардида, довталаби даври ҷумҳурявӣ аст.
Тавре Ардашер Амонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, мақсадаш аз ширкат дар озмун такмил додани дониш ва намуна будан барои ҷавонон аст.
Ин имомхатиб мегӯяд, ки дар озмуни дар бахши “хондан ва аз худ намудани адабиёти классикӣ” довталаби даври ҷумҳурявӣ аст. 
Домулло Ардашер мегӯяд барои ширкат дар озмун аз сӯйи имомони масҷидҳои ноҳияи Шоҳмансур дар як ҷамъомад ташвиқ шудааст.
“Дар як ҷамомади Имомхатибони ноҳия маро пешниҳод намуданд, ки дар ин озмун ширкат варзам. Ман бе ягон дудилагӣ пешниҳодро қабул намудам. Чун мактаби миёна ва Донишкадаи исломии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм намудам. Баъдан Донишгоҳи аграриро низ бо муваффақият хатм кардам. Дар баробари дониши динӣ – исломӣ доштан, аз дониши дунявӣ низ огаҳ ҳастам. Чун, аз даврони хурдӣ китобҳои зиёд мутолаа мекардам ва ғазалу рубоиҳоро низ зиёд медонам”,  - мегӯяд ин имомхатиб.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳоло барои даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омодагӣ дида истодааст ва ба мутолиаи китоб машғул аст.
“Ҳоло дар хона ба мутолиаи китоб машғул ҳастам ва фарзандонам низ аз ин амали ман илҳом гирифта китобҳои зиёд мутолиа мекунанд. Ҳарчанд нисбат ба дигар иштирокчиён синну соли ман бузургтар аст, аммо кӯшиш ва умед дорам, ки дар даври ниҳоӣ низ сазовори ҷойи намоён гардам. Ҷавонон бояд чунин имкониятҳоро аз даст надиҳанд ва дар ин озмунҳо ширкат варзанд”, - гуфт Ардашер Амонов.
Ардашер Амонов соли 1981 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 2005 Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзамро бо ихтисоси усули шариат ва соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро хатм намудааст.
Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим низ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аввалин имомхатибе аст, ки дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат варзида, сазовори ҷойи намоён гардидааст. 
Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" бо дастури Президенти Тоҷикистон имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд. Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.