Нигаронии ВУД аз авҷи бозори фолбинҳо: мақомот гунаҳкоронро гуфтанд – видео

Нигаронии ВУД аз авҷи бозори фолбинҳо: мақомот гунаҳкоронро гуфтанд – видео

 Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориш изҳор доштааст, ки бозори фолбинҳо дар кишвар рӯз то рӯз авҷ мегирад ва ин раванд ба боварии нодурусту хурофотпарастӣ рабт дорад 

Тибқи гузориши ВУД, дар густариши фолбинию ҷодугарӣ худи шаҳрвандон гунаҳкоранд, ки бо муроҷиатҳои зиёдашон ин бозорро ривоҷ медиҳанд.

Шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду, ки дини Ислом манъ кардааст, бовар карда, ба назди чунин қаллобон мераванд ва барои ривоҷи чунин аъмол мусоидат мекунанд, таъкид намудааст ВУД.

Ин ниҳод хабар дод, ахиран Идимоҳ Назарова, сокини 54-соолаи шаҳри Леваканди вилояти Хатлон дастгир шуд, ки худро фолбин ва сеҳргар муаррифӣ намуда, ба фиреби шаҳрвандон машғул шудааст.

Ба гузориши ВУД, Назарова бо истифода аз тасбеҳ, ресмон ва дигар ашё гӯиё ба ҳалли мушкилоти гуногун, аз ҷумла ёфтани ашёи гумшуда мусоидат мекардааст.

ВУД инчунин аз дастгир шудани Матлуба Алимардонова, соли таваллудаш 1986, сокини кӯчаи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ба иттилои ин ниҳод ба сеҳру ҷоду машғул будааст.

Мақомот мегӯянд, алайҳи ин ду зан барои нақзи қонунгузорӣ санади маъмурӣ тартиб дода шуд.



Read more: https://sputnik-tj.com/incidents/20190920/1029893020/Nigaronii-VUD-az-avji-bozori-folbinho-maqomot-gunahkoronro-guftand--video.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон