Мунтахаби наврасони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд

Мунтахаби наврасони тоҷик тими Шри Ланкаро бо ҳисоби бузурги 8:0 мағлуб намуд

 Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол марҳилаи интихобии Қаҳрамонии Осиё - 2020 - ро бо ғалаба оғоз намуд 

Бино бар хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи "А" тими наврасони Шри Ланкаро бо ҳисоби калони 8:0 мағлуб намуданд.
Бозӣ шоми 16 сентябр дар шаҳри Зарқаи Урдун баргузор шуд.
Манбаъ меафзояд, дар ҳайати тими наврасони тоҷик Абдулфаттоҳ Худойдодзода 4 гол, Муҳаммадворис Сайдалиев, Хусрав Тоиров, Кабир Салимшоев ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ заданд.

Маврид ба зикр аст, дар даври сеюм, ки рӯзи 18 - уми сентябр доир мерадад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамослонашон аз Кувайт бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Қаҳрамонии Осиё-2020 роҳхат мегиранд.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190917/1029875614/muntakhab-navrason-tojik-tim-Shri-Lanka-maqlub-namudand.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон