Бо роҳи қаллобӣ гирифтани автомашинаҳо

 Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудаааст, ки моҳи июни соли 2019 зани 41-солаи сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Хундай-Аксент”-ро, ки аз марди 23-солаи сокини н.Рӯдакӣ ба иҷора гирифта буд, худсарона автомашинаи мазкурро ба маблағи 77000-сомонӣ ба фурӯш гузошта, аз ин маблағ 64450-сомониро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 

Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи зани 38-солаи сокини пойтахт ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2019 зани 47-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 247 қисми 4 ва 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел”, ки маблағи умумиашон 100.000-сомониро ташкил медиҳад,гирифта то ҳол маблағашро барнардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон