Ошкор шудани дуздии матоъҳо, либосҳои мардона ва асбобҳои сохтмонӣ

 Ба ШВКД дар шаҳри Конибодом аризаи марди 51-солаи сокини деҳаи Кӯчкаки шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки рӯзи 15-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 17:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили хонаи истиқоматиаш якчанд намуд матоъҳо ва либосҳои мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳодисаи дуздӣ ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи зани 62-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардидааст, ки рӯзи 15-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 17:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили анборхонааш асбобҳои сохтмониро, ки арзиши умумиашон 5000 сомониро ташкил медиҳанд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон