Тақаллубкорӣ ва мардумфиребӣ

 Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2013 ҳангоми дар кӯчаи М.Маҳмадалии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, марди 43-солаи сокини кӯчаи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 75 ҳазору 230 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамчунин оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 54-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2016 ҳангоми дар назди бозори “Султони Кабир” қарор доштанаш, марди 39-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 400 000 рубли Федератсияи Россияро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон