Садамаи нақлиётӣ дар дохили нақби «Озодӣ»

 Рӯзи 16-уми сентябри соли 2019, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хонда-Серви”, Махсумов И., соли таваллудаш 1948, нафақахӯр, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар дохили нақби «Озодӣ», аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба қисмати қафои автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз-55102», таҳти идораи Раҳмонов Н.Т., соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи «Хонда-Серви» Назарова Мастура Максимовна, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Кӯлоб, ба саломатиаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Мусофири дигари автомашинаи мазкур Абдуллоев Изатулло Қудратович, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон