ТАҶОВУЗ БА НОМУС

ТАҶОВУЗ БА НОМУС

 10.09.2019 шаҳрванд Мардонова Зарина Ҷӯрабековна 1996 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Чуст, деҳ.Ҷамбул ба ШВКД ноҳияи Шаҳринав муроҷиат намуд, ки моҳи июни соли 2019 шаҳрванд Холов Сайфиддин Умарович 1980 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Чуст, деҳ. Ҷамбул ба хонаи истиқоматиашон даромада, бо тариқи зӯроварӣ бо ӯ алоқаи ҷинсӣ намудааст.

  10.09.2019 шаҳрванд Кабиров Шамсулло Ғуломович 1958 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, ҷ/д Чортеппа, деҳ. Ҷуйбодом ба ШВКД ноҳияи Файзобод муроҷиат намуд, ки моҳи октябри соли 2016 “Муҳсин” ном шахс бо духтари ноболиғаш, Кабирова Дилноза Шамсуллоевна 2002 с/т, намехонад, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо тариқи телефон шиносоӣ пайдо намуда, ӯро ба н.Файзобод ҷ/д. Мискинобод даъват намуда, дар бинои бекорхобидаи беморхонаи ҷ/д. Мискинобод бо истифодаи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намудааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Гулзода Муҳсини Сафар 1990 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Мискинобод, деҳ. Заркамар дастгир карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон