ДАСТКАШӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ДАСТКАШӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

 10.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ шаҳрванд Абдуназаров Ҷавоҳир Маманазарович 1979 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Ортиқов, деҳ. Шӯрқӯрғон, кӯч.Пахтаобод х.318, миллаташ ӯзбек, санаи 31.08.2019-сол бо ариза ба унвони роҳбарияти ШВКД дар ш.Конибодом муроҷиат намудааст. Номбурда, соли 2014 бо даъвати шаҳрванд Шукуров Акмал Ҳисомбоевич 1981 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Ортиков, кӯч. Пахтаобод х.57, собиқ имоми масҷиди “Эшонҳо-и деҳ. Шӯрқӯрғон (айни ҳол бо моддаи 307 иловаи 3 қ.2 ва 187 қ.1 КҶ ҶТ дар МИ ЯСТ/4 дар ш.Душанбе адои ҷазо намуда истодааст), ба равияи ғайриқонунии динии “Салафия” шомил гаштааст. Инчунин шаҳрванд Абдуназаров Ҷ.М равияи мазкурро ба пуррагӣ ҷонибдорӣ намуда, то охирҳои соли 2015 дар ҳудуди ш.Конибодом ҳамчун аъзои фаъоли ин гурӯҳ амал карда, бо мақсади ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ дар масҷиди мазкур ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо сокинони ш.Конибодом вохӯриҳо ташкил намуда, ақидаҳои равияи мазкурро бо гӯш кардани мавизаҳо ва аудио сабтҳои “Назратулло” ба онҳо омӯхтааст. Нисбати шаҳрванд Абдуназаров Ҷ.М. бо дастрасии талаботи мод.72 к.2 КҶ ҶТ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ.2 КҶ ҶТ рад карда шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон