БИБӢ КЕЛИН ВА НАБЕРААШРО БА СУРИЯ БУРД

БИБӢ КЕЛИН ВА НАБЕРААШРО БА СУРИЯ БУРД

 10.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, муайян карда шудааст, ки шаҳрванд Суярова Маҳинабону 1959 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Куруш, деҳ. Меҳнатобод, кӯч. С.Ғоибов х.18, миллаташ ӯзбек, нафақахӯр, моҳи ноябри соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москваи Ф.Руссия рафта, бо даъвати писараш, Суяров Валиҷон Мамадмуродович 1993 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад, ба ташкилоти террористӣ-экстремистии “ДИИШ” шомил гаштааст. Баъдан, шаҳрванд Суярова М. моҳи июни соли 2017 бо ҳамроҳии келинаш, Суярова Гулбодом Бахтиёровна 1995 с/т ва наберааш, Суяров Тоҳир Валиҷонович 2015 с/т, бо хатсайри “Москва-Истамбул” ба давлати Туркия ва аз он ҷо бо роҳи ба тафтишот номаълум ба давлати Сурия сафар намуда, то ҳол дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ ба муқобили низомиёни ҳарбии ҳукумати давлати Сурия иштирок намуда истодаанд. Маводҳои ҷамъовардашуда нисбати шаҳрванд Суярова М. ба парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 401 иловаи 1 ва 187 қ.2 КҶ ҶТ ҳамроҳ карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон