СӮИҚАСДИ МАРД БА ҶОНИ ЗАНАШ

СӮИҚАСДИ МАРД БА ҶОНИ ЗАНАШ

 10.09.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Пиримзода Ҷаҳонгир Шералӣ 1990 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Пахтаобод, деҳ. Устокорон дастгир карда шуд. Номбурда, санаи 09.09.2019-сол тахминан соатҳои 17.30-дақиқа дар заминҳои х/д Ч.Аҳмад, воқеъ дар деҳ. Қарашувоқ аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш Амонова Нодира Аҳмедовна 1990 с/т, истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан ӯро бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Амонова Н.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гардидааст. Нисбати шаҳрванд Пиримзода Ҷ.Ш. аз ҷониби прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қ.3 ва 104 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон