Афзоиши муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон

Афзоиши муҳоҷирати корӣ дар Тоҷикистон

 Дар соли ҷорӣ муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 дарсад афзоиш ёфтааст. 

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар7 моҳи соли 2019 аз Тоҷикистон 357 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба Русия ва Қазоқистон рафтаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, ки далели болоравии теъдоди муҳоҷирони корӣ дар соли ҷорӣ беҳбуди шароити кор дар Русия ва рушди иқтисоди ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ин дар ҳолест, Хадамоти муҳоҷирати Русия теъдоди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро 524 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст.

Аммо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Русия куллияи шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки вориди ин кишвар мешаванд, ба ҷамъи муҳоҷирони корӣ мансуб мекунад. Масалан, дар соли 2019 аз Тоҷикистон 24 ҳазор нафар барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия озими ин кишвар шудаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон