Мусибат дар оилаи Далер Назаров ва Давлат Худоназар-акс

Мусибат дар оилаи Далер Назаров ва Давлат Худоназар-акс

 Модари ду ситораи фарҳанги Тоҷикистон – овозхону оҳангсоз, Далер Назаров ва коргардони шинохта, Давлат Худоназар дунёро падруд гуфт Нодирамоҳ Қадамшоева, модари Далер ва Давлат субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе як ҳафта қабл аз солгарди навбатии зодрӯзаш даргузашт.

Умр агар вафо мекард, Нодирамоҳ Қадамшоева 15-уми сентябри соли равон 97-сола мешуд, хабар доданд наздикони хонавода ба Sputnik Тоҷикистон.

Марҳум Қадамшоева, ҳамсари Меҳрубон Назаров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистони шӯравӣ мебошад, ки ду ситораи рахшони санъат – Далер Назар ва Давлат Худоназарро ба воя расондааст. Ӯ дар рӯзе дунёро падруд гуфт, ки 60 сол қабл дар ин рӯз Далер Назаровро ба дунё оварда буд. Маросими видоъ бо марҳум дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ афроди зиёд аз даргузашти модари Далер ва Давлат изҳори ҳамдардӣ карда, ба хонавода сабри ҷамил хостаанд.



Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190908/1029817004/Musibat-dar-oilai-Daler-Nazarov-va-Davlat-Khudonazar.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон