Рамазон Қодиров барои табрики Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ рафт

Рамазон Қодиров барои табрики Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ рафт

 Рамазон Қодиров барои дастгирии ҳамватан ва варзишкори номӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба Абу-Дабӣ парвоз карда ӯро бо пирӯзиаш табрик кард Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз аввалинҳо шуда, Ҳабиб Нурмуҳаммадовро бо пирӯзии навбатияш муборакбод гуфт.
Рамазон Қодиров ки ҳаводори муҳорибаҳои омехта мебошад шахсан ба Абу-Дабӣ парвоз кард, то варзишкори русиягиро дар рақобат бо ҳамтои амрикоияш Дастин Пуаре дастгирӣ кунад.

Шаби гузашта ҳамроҳи Ҳабиб дар октагон ҳамватанонаш - Умарӣ Аҳмадов, Муслим Солиҳов, Зубайр Тухугов, Майрбек Тонаш Айсумов ва Шамил Абдураҳимов низ, рақобат карданд.

Пас аз рақобати зебо Ҳабиб аз шодӣ аз дохили панҷара парида, чуноне худ шарҳ дод, тасодуфан ба болои президенти UFC Дейни Уайт афтид. Ӯ низ оғӯшашро кушода, Ҳабибро муборакбод гуфт.



Read more: https://sputnik-tj.com/world/20190908/1029817469/qodirov-habib-Nurmuhammadovro-piruzi-tabrik.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон