Тамрини намоишии Нурмуҳаммадов ва Пуаре қабл аз муҳориба: пахши мустақим

Тамрини намоишии Нурмуҳаммадов ва Пуаре қабл аз муҳориба: пахши мустақим

 Варзишгари рус Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои амрикоияш Дастин Пуаре тасмим гирифтанд, қабл аз муҳорибаашон тамрини намоишӣ барои мухлисон нишон диҳанд

 Ду варзишгари муваффақи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Пуаре қабл аз муҳорибаи қарибулвуқӯяшон тамрини намоишӣ мегузаронанд.

Муҳорибаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони UFC  дар вазни сабук ва варзишкори амрикоӣ Дастин Пуаре дар шаҳри Абу-Дабӣ барузор мешавад.

Мухлисони ҳар ду варзишгар бесаброна муҳорибаи онҳоро, ки рӯзи 8 уми сентябр  дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, мунтазиранд.

Нурмагомедов мегӯяд, ҳатман рақиби худро мағлуб намуда, камарбанди қаҳрамонияшро дифоъ мекунад.

Зимнан аксари варзишкорони ботаҷриба бар ин боваранд, ки Дастин Пуаре бо Нурмуҳаммадов рақобат карда наметавонад. Ба андешаи онҳо, Пуаре  малакаи зарбарасонии  хуб дорад, аммо дар рӯбарӯ бо Ҳабиб , бисёре аз варзишгарон  онҳоро аз даст медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.

Барои пирӯз шудан дар муҳорибаи мазкур Ҳабиб 2 миллион доллари амрикоиро  ба даст овард.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон