ОИШАИ 28-СОЛА: ХУДРО БО ДУХТАРЧАИ 5-СОЛААМ БА ДАРЁ МЕПАРТОЯМ, АГАР… (ВИДЕО)

 

         ОИШАИ 28-СОЛА: ХУДРО БО ДУХТАРЧАИ 5-СОЛААМ БА ДАРЁ МЕПАРТОЯМ, АГАР… (ВИДЕО)

 Оиша ҳамагӣ 28-сол дорад, вале он қадар дар зиндагӣ ҷабру ҷафо кашидаву ғаму ғусса дидааст, ки ҷонаш ба лабаш расидааст.  

Ин ҷавон зани берӯзӣ мехоҳад даст ба худкушӣ зада, худро ҳамроҳи духтарчаи 5-солааш ба дарё андозад. Оиша аллакай ду маротиба бо марг рӯ ба рӯ гаштааст ва даҳшати онро дар ҷисму ҷони худ эҳсос намудааст. Ҳанӯз панҷ сол қабл, ҳангоми ба дунё овардани духтарчааш дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ аввал гурдаҳо, сипас дилаш аз кор монда буд. Мебоист волидонаш “ҷисми бе ҷон”-и Оишаро ба хона бурда гӯру чӯб кунанд, аммо холааш худро пеши пойи табибон партофта, зориву тавалло намуд, ки боз камтари дигар тоқат кунанд, бошад, ки худованд ба Оиша умри дубора диҳад. Дар ҳақиқат баъди чанд лаҳза мӯъҷиза рӯй дода, худо ба Оиша умри дубора ато кард, аммо...

Баъди мурдазинда шудан шавҳараш “зани касалӣ ба ман даркор нест”- гӯён, талоқи ин ҷавонзани бадбахтро дод. Ҳамин тавр Оиша бо тану ҷони бемор, тифлаки думоҳа дар бағал ба хонаи падар баргашт. Аввалҳо муносибати аҳли оила бо ӯ хуб буд, вале аз бозе, ки сари бародарашро ҷуфт карда, ба хона келин оварданд, рӯзаш сиёҳ шуд. Рӯзе нест, ки барои дупула гап келин дар сари Оишаи бадбахт чормағз нашиканад. Ҳамсари додараш бо ин ҳам қонеъ нагашта, дар назди аҳли оила шарт гузоштааст, ки то Оиша бо духтарчаи зиндаятимаш аз хона баромада наравад, дигар пою қадамашро ба остонаи манзили шавҳар нахоҳад гузошт. Бародараш тарафи занашро гирифта, мудом Оишаро зери мушту лагад мегирад, падараш бошад, талаб карда истодааст, ки ба хубӣ хонаи ӯро холӣ кунад, вагарна ҳолаш бисёр бад хоҳад шуд.

Оиша дар зиндагӣ дигар ягон такягоҳ ва ғамхору мададгор надорад, аз ҳамин сабаб роҳи ягонаи раҳоиро аз ин зиндагии сагона дар худкушӣ мебинад.

“Умеди охиринам ба раиси ҷавони шаҳри Душанбе Рустами Эмомалист, агар мири шаҳр лутф карда, ба ман ягон хонача диҳад, кӯшиш мекунам, ки рӯзамро бо духтарчаи бе падарам илоҷе карда гузаронам. Дар акси ҳол ба ҷуз худкушӣ дигар чора надорам. Фарзандамро бо банд ба танам маҳкам мебандаму худамро бо духтарчаам якҷоя ба дарёи Душанбе мепартоям”-мегӯяд Оиша Иброҳимоваи 28-сола.

Мо дарди дили ин ҷавонзани ҷафокашидаро пешкаши муштариёни сомонаи Оила гардонида, умед мебандем, ки мақомотҳои далхдор ва шахсони саховатманд ба Оиша дасти ёрӣ дароз менамоянд. 

назари худро нависед
я посмотрел вчера, мне понравился..... за неимением лучшего

---
Я пожалуй просто промолчу ретро видео взрослое, видео взрослый аутист или порно турков уколы взрослым видео
согласен но как видиш на тавар есть спрос))

---
Благодарю за информацию. Я не знал этого. взрослое видео hd, немецкое взрослое видео или порна жоски мама пияани узбечек видео милые взрослые
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон