Муҳорибаи Ҳабиб бо Поре аз рақобат бо Макгрегор сердаромадтар хоҳад буд

Муҳорибаи Ҳабиб бо Поре аз рақобат бо Макгрегор сердаромадтар хоҳад буд

 Охирон муҳорибаи варзишкори рус Ҳабиб Нурмуҳаммадов моҳи октябри соли гузашта бо варзишгари ирландӣ Конор Макгрегор баргузор гардида буд ва Ҳабиб аз ин рақобат 2 миллион доллар даромад ба даст овард 

 Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз муҳориба бо варзишгори амрикоӣ Дастин Поре даромади ҳангуфт ба даст хоҳад овард, хабар медиҳад RT бо такя  ба маълумоти мудири  варзишкори рус Ризван Муҳаммадов.

Ризвон дар мусоҳиба ба RT  даромади Ҳабиб аз муҳорибаҳо бо Конор ва Пореро муқоиса намуда изҳор доштаст, ки варзишкори рус аз муҳорибаи охирон даромади бештареро ба даст меорад.

Нурмуҳаммадов гуфт Макгрегор бояд пушти панҷара равад

Маврид ба зикр аст, ки рақобати  Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Поре моҳи сентябри соли равон дар маркази Абу-Даби баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки Нурмуҳаммадов охирин муҳорибаро октябри соли гузашта бо варзишкори ирландӣ Конор Макгрегер анҷом дода унвони қаҳрамонӣ дар вазни сабукро ҳифз намуда буд.

Барои пирӯз шудан дар муҳорибаи мазкур Ҳабиб 2 миллион доллари амрикоиро  ба даст овард.

“Сағера, бги дега”: суҳбати Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо забони тоҷикӣ - видео

Он замон пас аз анҷоми муҳориба Нурмуҳаммадов  бо яке аз мухлисони Конор вориди даргирӣ шуд ва  миёни тарафдорони ҳар ду ҷониб ҷанҷоли кӯтоҳе  сар зад.

Зимнан пас аз ин ҳодиса Комиссияи варзишии иёлоти Невада Ҳабибро ба маблағи 500 ҳазор доллар ҷарима баст ва ба мӯҳлати 9 моҳ аз ҳаққи иштирок дар муҳорибаҳо маҳрум намуд.



Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190822/1029706893/Muoriba-habib-pore-nisbat-muoriba-makgregor-serdaromadtar-khohad-bud.html

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон