КӮШИШИ БА МУОМИЛОТ БАРОВАРДАНИ ПУЛҲОИ ҚАЛБАКӢ

 20.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар намуди харидории озмоишӣ аз шаҳрванд Тоҷиев Зиёдулло Додихудоевич 1996 с/т миллаташ тоҷик, истиқ ҷ/д Даҳана деҳ. Хонобод 4-адад купюраи 5000 рубли ФР тариқи қалбакӣ таёр карда шуда, ҷамъ 20000 рубли ФР, бо арзиши 2870 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматиаш 6-адад купюраи 5000 рубли ФР, ҷамъ 30000 рубли ФР тариқи қалбакӣ ҳамчун далели шайъи гирифта шуд. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Тоҷиев З.Д. санаи 13.08.2019 сол ин миқдор маблағи пулиро бо мақсади ба муомилот баровардан аз ҳудуди Ф.Россия ғайриқонуни вориди ҶТ намудааст. Мувофиқи маълумотномаи мутахассисон 10-адад купюраҳои 5000 рубли ФР аз шаҳрванд Тоҷиев З.Д. гирифта шуда, аз рӯи технологияи чопи сифати паст таёркардашуда ба технологияи чопи сифати заводи стандартии купюраҳои бонкии Ф.Россия мувофиқ намебошад. Нисбати шаҳрванд Тоҷиев З.Д. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 281 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон