ДУЗДИИ ЯХДОН, ҶАВОҲИРОТ, МАБЛАҒ ВА ...

ДУЗДИИ ЯХДОН, ҶАВОҲИРОТ, МАБЛАҒ ВА ...

 21.08.2019 шаҳрванд Раҳимов Умедҷон Абдуқодирович 1987 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Бинокорон х.44, ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки санаи 21.08.2019 сол тахминан соати 12.50 дақиқа ҳангоми дар кӯч. Фирдавсӣ қарор доштанаш шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили сумкааш 4500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

21.08.2019 шаҳрванд Зиёев Ғулом Қудбиддинович 1956 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/ш. Н.Розиқ, кӯч. Восеъ ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки шаби 20.08.2019 сол тахминан соати 01.00 дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад яхдон, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, ва ҷавоҳироти тиллогин, ҷамъ ба маблағи 3400-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

 

20.08.2019 шаҳрванд Қаюмова Ирода Ҳалимовна 1980 с/т истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯч. Муҳаммадиев, х-50, ҳ-6, ба ШВКД ноҳияи Ҷомӣ муроҷиат намуд, ки шаби 18 ба 19.08.2019 сол тахминан соатҳои 02:00 дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии модараш, воқеъ дар кӯч.Лермонтов, х.16, даромада, аз он ҷо ҷавоҳироти нуқрагин, ҷамъ ба маблағи 1500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

21.08.2019 шаҳрванд Мусоева Идигул Панҷиевна 1977 с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д С.Истиқлол, деҳ. Янгиюл, ба ШВКД ноҳияи Кушониён муроҷиат намуд, ки шаби 29 ба 30.07.2019 сол шахсни номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 8000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

21.08.2019 шаҳрванд Сафарова Хайринисо Пирмаҳмадовна 1971 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Айнӣ х.32/1, ҳ.12, ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки санаи 21.08.2019 сол тахминан соати 13:00 дақиқа шахсни номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2000 доллари ИМА ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон