ИСТАРАВШАН: ФАРРУХ ПИСАРЧАИ 8-СОЛААШРО 10-КОРД ЗАД!

ИСТАРАВШАН: ФАРРУХ ПИСАРЧАИ 8-СОЛААШРО 10-КОРД ЗАД!

 Боз як фоҷиа!
Боз як ҷанҷоли хонаводагӣ!
Рашк ё ғурури ноҷои марди беандеша боиси 10-корд хӯрдани кӯдаки бегуноҳи 8-сола гашт! 

Ин ҳодисаи ваҳшатбор ҳафтаи гузашта дар ҷамоати Гули сурхи Истаравшан ба вуқуъ пайваста буд. Ҳамон лаҳза шахси номаълуме чун ба хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва ё “Ёрии таъҷилӣ” ба идораи сомонаи Оила-ТҶ занг зада, аз сар задани ин фоҷиа хабар дод, аммо ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот мо аз нашри он худдорӣ намудем. 

Ин субҳ боз ҳамон шахс занг зад ва иброз намуд, ки ҳама интизори нашри ин хабар буданд, зеро он ба таҳқиқи обективонаи ҳодиса ёрӣ медиҳад. Инак, бо хоҳиши хонандагонамон аз шаҳри Истаравшан мо тафсилоти ин ҳодисаи ваҳшатоварро манзури шумо месозем. 

Оилаи Мӯсоев Фаррухи 33-сола аз дигар хонавдаҳои маҳаллахонаи Айнии Истаравшан чандон фарқи казоӣ надошт. Фаррух ва ҳамсари 35-солааш соҳиби ду фарзанди гул барин зебо-як писарчаи 8-сола ва як духтарчаи 6-сола буда, ҳаёти осоишта доштанд, аммо...
Зиндагии онҳо зоҳиран ба сони дарёи Сир ором намояд ҳам, дар қаъри худ ҳамеша туғён дошт. Ҳамсояҳо мегӯянд, Фаррух марди ҷангара буд ва мудом аз қошу қавоқаш барфу борон меборид, вале ҳамсараш “сари кафида зери тоқӣ” гӯён, сир бой намедод. 
Ҳамон рӯзи наҳс байни зану шавҳар боз моҷаро бархост ва дар сари қаҳру ғазаб Фаррух, ки зиндагиашро бо таксиронӣ пеш мебурд, писарчаи 8-солаю духтарчаи 6-солаашро ба мошин шинонда, ба самти деҳаи Зарнисори ҷамоати Гули сурх ба роҳ афтод. Марди ба ғазаб омада дар сар чи фикру чи хаёл дошт, фақат худаш медонисту худованд. 
Сари роҳ мошинро нигоҳ дошта ба мағоза даромад. Ягона харида Фаррух аз ин мағоза корд буд. 
Ӯ боз ба роҳ даромад ва дар мавзеи дашт мошинро нигоҳ дошта, ҳарду фарзандашро фаровард. Пас аз ин, якбора, мисли он ки деви бадкине дар вуҷудаш ҷо шуда бошад, ин падари бераҳм ба писарчаи 8-солааш дарафтода, кӯдаки бегуноҳро кордборон кард. Падар бераҳмона ба пайкари Диловари хурдакак корд мезаду фиғони хоҳарчаи 6-солааш ба фалак мепечид. 
Падару модари Фаррух дар ҳамон наздикӣ кор мекарданд ва фиғони ҷонхароши ду тифли бегуноҳро шунида ба имдод шитофтанд, аммо вақте ки онҳо ба ҷойи ҳодиса расиданд, Диловари 8-сола аллакай аз дасти падари бераҳмаш 10-корд хӯрда, дар хуни худ ғарқ гашта буд. 


“Шукронаҷон, очаи беақлатро бубахш, агар дар вақташ ман туро ба дугонаам туҳфа намекардам, шояд ин рӯзи шум ҳаргиз ба сарат намеомад” гӯён, сарамро ба дару девор зада, зор-зор нола мекардам.



Кӯдакро дарҳол ба беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан бурданд ва ба мақомот дар бораи сар задани ин ҳодисаи гӯшношунид хабар доданд. 
Айни замон Диловар Мӯсоеви 8-сола дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан дар ҳолати вазнин қарор дорад. 
Барои фаҳмидани сабаби ин ҳодисаи ваҳшатангез мо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занг задем. Маълум шуд, ки Фаррух Мӯсоев ба касалии рӯҳӣ гирифтор буда, зиёда аз 10-сол инҷониб дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ қарор доштааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон