ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН, СОАТ, МАБЛАҒ ВА ...

ДУЗДИИ ТЕЛЕФОН, СОАТ, МАБЛАҒ ВА ...

 19.08.2019 шаҳрванд Раҷабова Дилафрӯз Алиевна 1989 с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Саноат х.10 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки санаи 18.08.2019-сол тахминан соати 22:00 дақиқа ҳангоми дар кӯч.Шевченко 44 ҳ.41 қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1000 сомонӣ, як адад соати дастии тамғаи «Радо»  ва як адад телефони мобилии тамғаи «Мейзу», ҷамъ ба маблағи 9740-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Юсуфова Севара Юнусовна 2001 с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Фирдавсӣ  х.30, ҳ.20 дастгир карда шуд.

 

19.08.2019 шаҳрванд Зайниддинова Омина Ҳабибуллоевна 1981 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. А.Ғуломов х.66 ҳ.46 ба ШВКД ноҳияи Шоҳмансур-1 муроҷиат намуд, ки санаи 10.08.2019-сол тахминан соати 09:00 дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ азнуқтаи марказӣ савдои «Садбарг» як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-8», ки арзишаш 3266-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабов Ҷонфидо Раҷабмуродович 1999с/т, истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, ҷ/д Гулистон, деҳ.Шуҳратёр дастгир карда шуд.

 

19.08.2019 шаҳрванд Шамсова Гулракат Зайниддиновна 1975с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Чукайша ба ШВКД шаҳри Ваҳдат муроҷиат намуд, ки шаби 20 ба 21.07.2019-сол шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдоаш, воқеъ дар бозори “Хайр” либосҳои гуногунро,  ҷамъ ба маблағи 1200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ швҳрвадон Мирзоев Фирдавс Шамсиддинович 1997с/т, истиқоматкунандаи ҷ/д Н.Розиқ, кӯч. Шодмон  х.3 ва Алибеки Раҷабалӣ 1990с/т, истиқоматкунандаи кӯч.Қаландаров х.9, пеш бо мод. 244 қ.3 суд шудааст, дастгир карда шуданд.

 

19.08.2019 шаҳрванд  Ғозиева  Музайна  Музаффаровна 1990 с/т, истиқоматкунандаи кӯч. Д.Народов  х.69, мутахассис-пешбари ҶДММ «Рушти муосир», ба ШВКД шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуд, ки  санаи 12.08.2019 сол тахминан соати  18:00 дақиқа  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ҳангоми дар  ҳоҷатхонаи ширкати ЛТД «Шарқ», воқеъ дар  бозори Панҷшанбеи ш. Хуҷанд қарор доштанаш, аз дохили  сумкааш  140-сомонӣ ва  як адад гушвори  тиллогин, ҷамъ ба маблағӣ 1200-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

 

19.08.2019 шаҳрванд Гадоев Шоҳрух Амридинович 1988 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. С.Шарифов х.5, ҳ.1, корманди Маркази Экспертизаи тиббӣ-судӣ, ба ШВКД ноҳияи Сино-1 муроҷиат намуд, ки  санаи 19.08.2019 сол  тахминан соати 15:00 дақиқа  шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили а/м шахсиаш тамғаи «Мерседес-Бенс», р/д 00-33 HA/01,  ки дар кӯч. Ҷ.Расулов назди бинои “Талко” беназорат меистод  31000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон