СӮИҚАСД БА ҶОНИ ЧОРВО АЗ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗҲО

СӮИҚАСД БА ҶОНИ ЧОРВО АЗ ҶОНИБИ ҚИРҒИЗҲО

 17.08.2019 шаҳрванд Тухтамишова Саидахон Сайфиддиновна 1965 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Ворух, кӯч. У.Хайём х.9 ба ШВКД шаҳри Исфара-2 муроҷиат намуд, ки аз санаи 22 то 23.07.2019-сол, шаҳрвандони Ҷ.Қиргизистон, шахсияташон номаълум бо мақсади қасдан несту нобуд кардани молу мулк ба мавзеъи назди сарҳадии чарогоҳи «Пули Офтобрӯ»-и ҷ/д Ворухи ш.Исфара ва чарогоҳи деҳ. Оқсойи Ҷ.Қирғизистон омада 1-сар чорвои калони шохдори ӯро бо воситаи олоти халандаю буранда якчанд маротиба зада аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷа ба шаҳрванд Тухтамишова С.С. ба маблағи 6000-сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд. Барои муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад. Оиди ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қ.3 ва 255 қ.1 КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.     

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон