ИФРОТГАР АЗ КАРДА ПУШАЙМОН ШУД

ИФРОТГАР АЗ КАРДА ПУШАЙМОН ШУД

 15.08.2019 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва фаҳмондадиҳӣ шаҳрванд Каримов  Юнусҷон  Юсуфҷонович 1976 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи кӯч. А.Раҳимбоев х.28, санаи 17.07.2019 сол бо ариза ба унвони роҳбарияти ШВКД дар ш.Хуҷанд муроҷиат намудааст. Номбурда, дар давоми соли 2011 бо даъвати аъзои фаъоли ташкилоти эктремистии “Салафия” шаҳрванд Сайдуллоев Ғуфрон Шарифович 1980 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи кӯч. Т. Асирӣ х.156,  ки (нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ бо мод.189 қ.1 ва 307 иловаи 3 қ.2 КҶ ҶТ оғоз карда шудааст) ба равияи мазкур, ки мақсадашон бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ ва дар доираи он бунёд намудани давлати “Хилофат” мебошад шомил гашта, то  моҳи майи соли 2015 фаъолият намудааст. Нисбати  шаҳрванд Каримов Ю.Ю. бо дастрасии талаботҳои моддаи 28 қ.1 КМҶ ҶТ ва моддаҳои 74  ва  эъзоҳи 307 иловаи 3 қ.2 КҶ ҶТ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон