ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

 15.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ахунов Анварҷон Маҳмудович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/ш Фархор, кӯч. Фирдавсӣ х.9 дастгир карда шуд. Номбурда, аз соли 2006 то соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба ш.Москва Ф.Россия рафта дар вақти дар он ҷо қарор доштанаш, тавассути шабакаи интернетии “Одноклассники” бо мустаъори  “Анвар Ахунов”, саҳифаи худро кушода, ҳангоми истифода бурдани шабакаи иҷтимоии мазкур дар ҷойи аксҳои худаш сабтҳои видеоии тарғибкунанда ва аъзоёни ташкилоти терорристӣ-экстремистии ба ном “Давлати Исломӣ”, ки мақсади асосиашон сарнагун сохтани як қатор давлатҳои демократии дунявӣ ва барпо намудани давлати ягонаи исломии “Хилофат” мебошад, ҷой дода, бо мақсади тарғибу ташвиқи фаъолияти мазкур тавассути сомонаи интернетӣ тариқи оммавӣ паҳн карда, дар фаъолияти ғайриқонунии он бо истифода аз воситаҳои ахбори омма иштирок кардааст. Нисбати шаҳрванд Ахунов А.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ.2 КҶ ҶТ аз оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

15.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ризвонов Муҳаммад Додарҷонович 1986 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/ш Шаҳритуз, кӯч. И.Сомонӣх.1, ҳ.9, дастгир карда шуд. Номбурда, соли 2003 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ф.Руссия рафта, ҳангоми дар он ҷо қарор доштанаш, ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шуда, таьлимоти ғайриқонунии равияи “Салафия”-ро омухтааст. Баъдан, соли 2013 ба зодгоҳаш н.Шаҳритуз баргашта, бо ҳар роҳу восита ғояҳои ифротгароии равияи “Салафия”-ро дар байни ҷавонон паҳн намуда, моҳи июни соли 2019 дар масҷиди панҷвақтаи ба номи ҳазрати Алӣ, воқеъ дар н.Шаҳритуз кӯч. Н.Бухориев монанди пайравони равияи “Салафия” адои намоз кардааст, ки аз ҷониби имомхатиби масҷиди мазкур ва дигарон мавриди эродгирии ҷиддӣ қарор гирифта, аз масҷид ронда мешавад. Нисбати шаҳрванд Ризвонов М.Д. аз тарафи прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ.2 КҶҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон