Шармандагӣ: Иштироки сарояндаи ҳамҷинс (гомосексуалист) бо тахалуси "МАДОНА" дар туйҳои тоҷикӣ (ВИДЕО)

Вақтҳои охир дар маросимҳои хурсандии мардуми тоҷик навгониҳои булаҷаб рух дода истодааст. Рӯз ба рӯз тӯйю маъракаҳои тоҷикӣ ранги дигар гирифта истодаанд. Дар расму оини тоҷикӣ, расму оини бегона ҷойгузин шуда истодааст. Гоҳ мебинем, ки дар тӯйҳои тоҷикӣ, сурудҳои пучу бемаъние сароида мешаванд. Гоҳҳо рақосаҳои беҳайё дида мешаванд. Баъзан вақт, суруду рақсҳое ба назар мерасанд, ки ҳатто дар ягон расму оини ягон милату халқиятҳо чунин тарзи сароидану рақсидан дида намешавад.

Ба дасти сомонаи "Ориён" наворе дастрас шуд, ки дар як тӯйи тоҷикӣ, номаълум дар кадом тарабхона гузаштааст, сарояндае, ки аз афту андомаш маълум аст, ки чи гуна шахсият аст, бо забони ҳиндӣ сурудхонӣ мекунад. Меҳмонон ва тамошобинони маърака бошанд дар гирди ӯ рақсида ӯро дастгирӣ намуда истодаанд. Ҳар гоҳе, ки меҳмонон ӯро дастгирӣ менамоянд, сарояндаи нозуктабъ ба мисли духтарони “сабукпо” боз бисёртар нозу ишва карда, рақсида суруд мехонад.

Сабаб дар чӣ бошад?

Агар пиндорем, ки сафи чунин рақосаҳою сарояндаҳое, ки аз фарҳангу маърифати тоҷикӣ хело дур ҳастанд зиёд шуда истодаанд хато намекунем...

Вале ба мардум, ба халқи тоҷик чи шуда бошад, ки чунин ашхоси бефарҳангу бемаърифтаро дастгирӣ менамоянд.

Хонандагонӣ гиромӣ, мақсад аз нашр намудани ин навор дар он мебошад, ки аз чунин беақлию бефаросатӣ дурӣ ҷуему роҳи ҳали чунин мушкилиҳоро ёфта, ба мақомоти дахлдор, хусусан ба Вазорати фарҳанг арзу шикоятҳо ва пениҳодҳои худро расонем. То ки чунин ахмақиҳо пешгирӣ карда шаванд. Мо бояд фаромуш насозем, ки миллати бузурги тоҷик аз қадимулайём мардуми фарҳангпарвару бомаърифат буданд. Мо бояд аз фарҳанги ғарбиёнро дурӣ ҷуста, расму оину анъанаҳои худро нигоҳ дорем.

Қазоват аз Шумост...

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон