ҲОДИСАИ НОХУШ

ҲОДИСАИ НОХУШ

 14.08.2019 тахминан соати 05.00-дақиқа шаҳрванди Ф.Руссия, Третякова Ирина Олеговна 1959 с/т, сайёҳ, ҳангоми аз пайраҳаи соҳили дарёи Қирғизоб гузаштан ба дарё афтида ғарқ шудааст. Барои дарёфт намудани ҷасади Третякова И.О чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

 

13.08.2019 тахминан соати 17.30-дақиқа шаҳрванд Хуҷамбердиева Зӯҳро Чориевна 1996 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Х.Холматов, деҳ. Ё.Каримов дар канали обгузари деҳаашон афтида ғарқ шуда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

14.08.2019 тахминан соати 10.30-дақиқа хурдсол, Боймуродова Шоира Маъруфовна 2018 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Қ.Ғиёсов, деҳ. Файзбор аз беэҳтиётии волидонаш ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлиашон афтида ғарқ шуда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

 

14.08.2019 тахминан соати 18.00-дақиқа шаҳрванд Қутбиддинов Аҳмадҷон Машрабҷонович 1996 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ҷ/д Л.Шералӣ, деҳ. Ғусар бо а/м шахсиаш тамғаи “Опел-Зафира” р/д 68-04ЕЕ/02, ҳангоми дар назди хонаи истиқоматиаш ба ақиб ҳаракат кардан хурдсол Мирзоев Билолҷон Ӯткирович 2017 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д Л.Шералӣ, деҳ. Ғусарро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, Мирзоев Б.Ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи марказӣ ба ҳалокат расидааст.   

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон